Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 18.08.2020

Раиси вилоят сарфи назар аз пандемия зодрӯзи духтарашро бошукуҳ ҷашн гирифтааст

Ozodi.org 

Раиси вилояти Андиҷони Узбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов сарфи назар аз маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус бахшида ба 19-солагии духтари хурдиаш шабнишинии бошукуҳеро баргузор кард.

Табибони тоҷик мегӯянд, COVID-19 нигоҳи мардумро ба онҳо тағйир дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз пизишкони тоҷик гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои гузашта имсол иди касбии худро бо рӯҳияи дигар ва хотираҳои гуногун аз рӯзҳои сахти мубориза ба зидди коронавируси нав ҷашн гирифтанд.

Боздошти ҷосуси собиқи Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Чин

Ozodi.org 

Вазорати адлияи Амрико гуфт, як афсари собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA-ро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Чин дастгир кардаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом, мумкин аст, Александр Йук Чинг Маи 67-соларо ба зиндони якумрӣ маҳкум кунанд.

Санаи нави баргузории Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар Туркия тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ рӯзҳои 10-19-уми сентябри соли 2021 дар Қунияи Туркия баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISFS) хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, ки ин Бозиҳоро доир мекунад, қаблан мусобиқотро лағв намуда буд, зеро Бозиҳои олимпӣ дар Токио тобистони соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ низ тағйирот ворид гардид. Аз барнома ҳашт намуд - чавгонбозӣ, тирандозӣ, теннис, гуштии анъанавии туркӣ... Читать дальше...



Ҳукми 20 "пайрав"-и "Бародарони мусулмон"-ро эълон карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Суғд 20 сокини минтақаро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони мусулмон) аз 5 то 7 сол ба зиндон маҳкум кардааст. Наздикони бархе аз маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош доранд.

Ҷашни Рӯзи табибони тоҷик дар шароити пандемия

Ozodi.org 

Ҳамасола 18-уми август дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи пизишкон ва кормандони дигари соҳаи тиб таҷлил мешавад. Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон дар Душанбе бо кормандони бахши тандурустӣ мулоқот кард ва аз ҷонбозиҳои онҳо дар замонни пандемияи Ковид 19 ситоиш намуд.

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико оғоз ёфт

Ozodi.org 

Анҷумани Ҳизби демократи Амрико барои пешбарии номзад ба мақоми раиси ҷумҳур бо суханрониҳои ҳаяҷонангези Мишел Обама, бонуи собиқи аввал, Берни Сандерс, довталаби курсии раиси ҷумҳур оғоз ёфт. Онҳо аз мардум хостанд, ба президент Доналд Трамп ва “сиёсатҳои ҷудоиандозона“-и ӯ раъй надиҳанд. Бинобар пандемияи коронавирус анҷуман рӯзи 17-уми август аз тариқи онлайн сурат гирифт. Мишел Обама гуфт, ки Доналд Трамп борҳо нишон дод, ки “раиси ҷумҳури дуруст” барои Амрико нест. Дар нутқи аз қабл сабтшуда... Читать дальше...

Тазоҳуроти сокинони Жанаозени Қазоқистон бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон 17 август як гуруҳи сокинон ва фаъолони маданӣ бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуданд. Маъмурони пулис раванди таҷаммуъро назорат карда, иштирокдоронро акс ва ба навор мегирифтанд. Яке аз иштирокдорон ва сокини Жанаозен Алибек Бопешов рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" пахши мустақимеро аз рафти таҷаммуъ ба роҳ монд. Фаъолони мадании қазоқ дар даст шиори "Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ!" ва акси шоиру дигарандеши зиндонӣ Арон Отабек... Читать дальше...

Дар Зеландияи Нав 13 каси дигар ба COVID-19 мубтало шудаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Зеландияи нав рӯзи 18-уми август аз 13 мавриди нави сирояти коронавирус гузориш доданд. Дар ин кишвар, ки 100 рӯз ягон мавриди сирояти COVID-19 дар дохил сабт нашуда буд, аммо дар чанд рӯзи ахир беморӣ дигарбора хуруҷ кард. Дувоздаҳ бемор дар манбаи хуруҷ дар шаҳри Аукланд сироят шудаанд. Дар ин шаҳри бузурги Зеландияи нав маҳдудияти равуо эълон карданд ва дигар шаҳру навоҳӣ риояти фосила аз ҳамдигар ҳатмӣ аст. Дар Зеландияи нав то кунун коронавируси нав ба 1631 нафар сироят карда, 22 тани дигарро куштааст. Читать дальше...

Соли нави хониш дар Қирғизистон онлайнӣ оғоз мешавад

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон соли нави хониш дар шакли онлайнӣ оғоз мешавад. Вазорати маорифи ин кишвар гуфтааст, қарори мазкур ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликияташон дахл дорад. Дар рафти дарсҳо омӯзгорон ва донишомӯзон аз барномаҳои ZOOM, Google classroom, Moodle, WhatsApp, Skype ва китобхонаҳои электронӣ истифода хоҳанд кард. Вазорат дар бораи санаи бозгашт ба шакли маъмулии дарсҳо чизе нагуфтааст. Пештар хабар доданд, ки сар аз 1 сентябр танҳо хонандагони синфи 1-ум дар мактабҳои Қирғизистон дарс мехонанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Спецвыпуск журнала «Стратегии развития» посвященный героям Великой Отечественной войны и Специальной военной операции


Оғози марҳилаи дувуми мусобиқаи Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Марҳилаи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона баъди танаффуси кӯтоҳмуддат шуруъ шуд. Бозиҳои даврҳои даҳум ва ёздаҳуми мусобиқа доир гашт. Пешсафони мусобиқаи Лигаи занона  – «Хатлон» (Бохтар), «Зебонисо» (Душанбе) ва «Зебо» (Дӯстӣ), ки дар ҳарду даври охир шашимтиёзӣ ба даст оварданд, муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд. Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 51 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқа рӯзи чоршанбе... Читать дальше...

Омодагии камонварони тоҷик ба мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Анталия

Ozodi.org 

Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баъди карантин рӯзҳои 2-4-уми октябри соли 2020 дар Анталияи Туркия баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Кмитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, бақайдгирии иштироккунандагони мусобиқа рӯзи 17-уми август оғоз гардид. Кумитаи иҷроияи ташкилоти “Камонварии ҷаҳонӣ” (World Archery) қаблан ба далели пандемияи Covid-19 Ҷоми ҷаҳонро барҳам дода буд. Ин чорабинӣ соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Ҷоми ҷаҳон-2021, ки аз се марҳила иборат аст... Читать дальше...

Як афсари Оҷонсии фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пора боздошт шуд

Ozodi.org 

Як корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст. Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 18-уми август бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар дод, ки полковник Ҷонибек Маҳмадзода, мутахассиси Оҷонсии зидди фасод рӯзи 17-уми август аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани пора ба миқдори калон боздошт шудааст. Бар пояи ин гузориш, Ҷонибек Маҳмадзодаи 48-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Виктория Азаренко

Азаренко не смогла пробиться в 1/8 финала турнира в Мадриде, уступив Соррибес-Тормо






Глава Лобни Анна Кротова провела общегородское совещание

Учения по ликвидации лесных пожаров прошли в Богородском округе

Свыше 80 мероприятий проведут в Химках в майские праздники

"Тарков" за 11 000 рублей — это тест "на фаната". Так Буянов сказал