Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 24.08.2020

Шумори қурбониёни коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 67 нафар расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ рӯзи 24-уми август эълон кард, ки дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон як нафар аз коронавируси нав ҷон бохтааст ва шумори умумии қурбониён аз охири моҳи апрел то ин дам ба 67 нафар расид.

Бемористони Олмон: Навалнийро заҳролуд карданд

Ozodi.org 

Беморхонаи олмонии "Шарите" дар Берлин бо нашри изҳороте рӯзи 24 август гуфт, ки раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний “бо маводе аз гурӯҳи  азбайнбарандаи холинэстераз” заҳролуд шудааст. Дар шарҳи тиббии ин мавод гуфта мешавад, ки он ба асаби инсон таъсири манфӣ мегузорад. Беморхона ҳанӯз мушаххасан нагуфтааст, ки исми ин мавод чӣ аст, вале таъкид кардааст, ки хулосаҳои мазкур бар асоси ташхиси чандин озмоишгоҳи мустақил ба даст омадааст. Дар изҳорот омадааст, ки “паёмади беморӣ маълум нест ва имкон дорад... Читать дальше...

Орзуи бозӣ Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дарвозабони рақами яки Тоҷикистон Рустам Ятимов дар як мусоҳибаи ошкоро дар бораи чӣ гуна ба варзиш омаданаш, дар бораи орзуҳо ва нақшаҳяш бо клуби футболи "Истиқлол" нақл кард



Тими сиёсии Толибон вориди Покистон шуд

Ozodi.org 

Як тими сиёсии Толибон рӯзи 24 август дар амри омодагӣ ба шурӯи музокирот бо ҳукумати Афғонистон вориди Покистон шуд. Музокироти деринтизори миёни ҳукумат ва гурӯҳи ҷангӣ, ки бахше аз созиши сулҳи моҳи феврали миёни Толибон ва Вашингтон мебошад, чандин бор ба таъхир уфтодааст. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ тавассути Твиттер гуфт, ки ҳайати Толибон ба раҳбарии масъули умури сиёсии ин гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар бо мақомоти Покистон “таҳаввулоти ахири ҷараёни сулҳи Афғонистон”-ро баррасӣ мекунад. Читать дальше...

Русия дар фикри шурӯи парвозҳо ба ҳафт кишвар аст. Тоҷикистон номбар намешавад

Ozodi.org 

Русия масъалаи аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳоро ба ҳафт кишвар, аз ҷумла, Фаронса, Венгрия (Маҷористон), Малта, Қибрис (Кипр), Урдун, Миср (танҳо шаҳри Қоҳира) ва Чин (танҳо шаҳри Шонгҳой) баррасӣ мекунад.

Дар Минск ду узви Шӯрои ҳамоҳангсозро боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар корхонаи нақлиёти шаҳри Минск ду узви раёсати Шӯрои ҳамоҳангсози Белорус - Олга Ковалкова ва Сергей Дилевскоро боздошт карданд. Ба навиштаи расонаҳо, мақомот онҳоро дар ташкили ҷамъомадҳои ғайриқонунӣ айбдор мекунанд. Олга Ковалкова пештар аз ин дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ӯро дар доираи парвандаи "даъват ба ғасби ҳукумат" ба бозпурсӣ даъват доранд. Дар Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус ду ҳафта аст, ки гирдиҳамоии норизоиён аз натиҷаи интихоботи президентӣ идома дорад. Сокинон ба пирӯзии Александр Лукашенко... Читать дальше...

Помпео сафари Ховари Миёнаро аз Исроил шурӯъ кард

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео сафари панҷрӯзааш ба Ховари Миёнаро аз Исроил шурӯъ кард. Ҳадафи сафар – оддӣ шудани равобити Исроил бо Имороти Муттаҳидаи Араб аст, то ки дигар кишварҳои арабӣ ҳам  айни корро бикунанд. Помпео дар дафтари кории нахуствазири Исроил дар Байтулмуқаддас бо Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот созиши бо миёнҷигии ИМА ҳосилшудаи таърихии миёни Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шавад. Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 13 август дар... Читать дальше...

Дар Қирғизистон марҳилаи II тарҳи "Шаҳри бехатар"-ро амалӣ мекунанд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон амалисозии марҳилаи дувуми тарҳи "Шаҳри бехатар" шуруъ шуд, ки тамоми кишварро фаро мегирад. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, рӯзи 21 август дастгоҳҳои тарҳи "Шаҳри бехатар" барои санҷиш дар пойтахти он кишвар шаҳри Бишкек насб шуданд. Ба иттилои мақомот, марҳилаи дувуми тарҳ саросари кишвар: 7 вилоят, 2 шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 15 шаҳри сатҳи вилоятиву ноҳиявӣ, 73 минтақаи аҳолинишинро фаро мегирад. Дар доираи марҳилаи дувуми тарҳ насби наздики 3 ҳазор дурбини назоратӣ дар 306 нуқта дар назар аст. Читать дальше...

Новости России
Москва

Юные керамисты школы №2120 выиграли три Гран-при конкурса «Мир дому твоему!»


Ёвари собиқадори Трамп Кохи Сафедро тарк мекунад

Ozodi.org 

Як ёвари собиқадору бонуфузтарини президент Доналд Трамп - Келлиэнн Конуэй эълон кард, ки охири моҳи август Кохи Сафедро тарк мекунад.  Конуэй дар ҳафтаҳои ахири интихоботи президентии соли 2016 мушовири аршади интихоботии Трамп шуд ва баъди пирӯзиаш дар интихобот мушовири калони президент гардид. Тарки мақом кардани Конуэй дар ҳолати кунунӣ барои Трамп номуносиб аст, чун аз 24 август рақобатҳои интихоботии ӯ бо номзади демократҳо Ҷо Байден шурӯъ хоҳад шуд. Конуэй қарор аст ҳафтаи ҷорӣ дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ сӯҳбат кунад. Читать дальше...

Эрон тасдиқ кард, ки таркиш дар муассисаи ҳастаии Натанз харобкорӣ буд

Ozodi.org 

Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ки таркиш дар муассисаи калидии ҳастаии кишвар дар моҳи июл натиҷаи як харобкорӣ буд. Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи ин созмон дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Ал-Олам рӯзи 23 август гуфт, ки “таркиш дар муассисаи атомии Натанз натиҷаи фаъолиятҳои харобкорона аст ва мақомоти амниятӣ дар фурсати муайян ҷузъиёти марбут ба сабабҳои ин ҳодисаро шарҳ хоҳанд дод”. Эрон гуфт, ки сабаби сар задани таркиши рӯзи 2 июл маълум аст, вале бо далелҳои амниятӣ аз шаҳри ҷузъиёт худдорӣ кард. Читать дальше...

Табибони шифохонаи Омск фишори мақомотро дар қазияи Навалний рад карданд

Ozodi.org 

Сардухтури беморхонаи шаҳри Омски минтақаи Сибири Русия гуфт, ки кормандони тиббӣ дар қазияи муроқибат аз раҳбари мухолифон Алексей Навалний таҳти фишор қарор надоштанд. Навалний аз рӯзи 22 август ба ин сӯ дар як беморхонаи Берлин бо гумони заҳролудшавӣ муолиҷа мешавад ва дар оғоз масъулини беморхонаи Омск гуфтанд, ки интиқоли ӯро тавассути роҳҳои ҳавоӣ ба  Олмон ба хотири хатарнок будани роҳ ба саломатии бемор рад мекунанд.  Оилаву тарафдорони Навалний баъди талошҳои якрӯза ниҳоят тавонистанд, ки... Читать дальше...

Мулоқоти Тихановская бо Биган

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифони беларус Светлана Тихановская қарор аст рӯзи 24 август дар Литва бо муовини котиби давлатии ИМА Стефан Биган роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези баҳси атрофи натиҷаҳои интихоботи президентии Беларусро, ки боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд, баррасӣ кунад. Ин мулоқот як рӯз баъди он баргузор мешавад, ки беш аз 100 ҳазор эътирозгар дар шаҳри Минск – пойтахти Беларус дар як раҳпаймоии серҷамъияте аз интихоби навбатии Александр Лукашенко ба мақоми президентӣ ва ҳам саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон... Читать дальше...

ҲИИТ номзадии Рустам Раҳматзодаро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 24-уми август номзадии роҳбари ин ҳизб Рустам Раҳматзодаро (Қудратов) ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Интихоботи ояндаи президентӣ 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде






"Нет средств для защиты от такого удара". США признали свою беспомощность перед Россией

Пассажиры «Мострансавто» более 2 млн раз проехались до аэропортов с начала года

Подмосковные ученики победили на всероссийской школьной олимпиаде

Андрей Воробьев: «День добрых дел» объединил учащихся Подмосковья