Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 10.08.2020

Ҳамсар фавтид, писар дар зиндон. Алихон Назаров адолат мехоҳад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Алихон Назаров, падари сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки барои дуздии чорво ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, баъди марги ҳамсараш роҳи ӯро идома медиҳад ва талош мекунад, то бегуноҳии фарзандашро исбот кунад.

Падари сарбоз барои исботи бегуноҳии писараш талош хоҳад варзид

Ozodi.org 

адари як сарбози маҳкум шуда дар вилояти Хатлон мегӯяд, барои барқарор шудани адолат то охир мубориза хоҳад бурд. Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон моҳи июн Шарифхон Назаровро ба дуздии ҷорво гунаҳгор донист.



Ахбори Озодӣ аз 10-уми августи соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Бар асари суқути крани сохтмонӣ дар Душанбе як нафар ҳалок шудааст, дар интихоботи президентии Беларус Александр Лукашенко пирӯз эълон шуд, вале мухолифин мегӯянд, онҳо пирӯз шудаанд, падари сарбози муттаҳам бо говдуздӣ исро рмеварзад, ки писраш гуноҳ надорад, таҳсил дар мактабҳои хавфноки Хатлон ва озмоиши бепули коронавирус барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав.

Натиҷаи расмии интихобот Лукашенкоро пирӯз эълон кард. Мухолифон розӣ нестанд

Ozodi.org 

Кумисюни марказии интихоботи Беларус натиҷаҳои аввали интихоботи президентии он кишварро эълом кард. Бино бар он, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80 дарсад ва рақиби асосиаш, номзади мухолифон, Светлана Тихановская тақрибан даҳ дарсади ройи мардумро ба даст овардаанд.

Истиқболи Амрико аз тасмими Луя Ҷирга барои озодии зиндониёни баҳсбарангези Толибон

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон аз тасмими Луя Ҷирга ё иҷтимои бузурги сарони қабоил ва шахсиятҳои таъсиргузори он кишвар, барои озодии 400 зиндонии гурӯҳи Толибон аз маҳбасҳои ҳукумат истиқбол кард ва гуфт, интизор дорад дар чанд рӯзи оянда музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар оғоз шавад. Ӯ шоми якшанбеи 9-уми август дар паёми твиттерӣ навишт, озодии ин гурӯҳ аз зиндониён фурсати хубе барои поёни ҷанги 40-солаи Афғонистон ва расидан ба сулҳи доимӣ аст. Оқои Халилзод таъкид кардааст... Читать дальше...

Новости России
Москва

Что можно отметить в этот день


Давраи дувуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт

Ozodi.org 

Давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 8-уми август, бо се бозии даври даҳум шуруъ шуд. Пешсафи мусобиқа «Истиклол»-и Душанбе дар меҳмонӣ  «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голи «Истиқлол»-ро Алишер Ҷалилов ба самар расонд. Боз як голи дигарро Эҳсони Панҷшанбе зад. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар сафар бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду голи Фатҳулло Фатҳуллоев ва Тоҳир Малодӯстов ба меҳмонон се имтиёз овард. Бозӣ... Читать дальше...

Сабти 332 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон дар як рӯзи охир 332 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора аз Ситоди ҷумҳуриявии он кишвар хабар доданд. Ба иттилои ситод, дар як рӯзи охир ҳамзамон 8 ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар Қирғизистон ба 39 ҳазору 919 ва шумори фавтидагон ба 1468 кас расидааст. "Дар кишвар ҳолатҳои дубора мубталошавии сокинон ба қайд гирифта нашудааст", гуфт Таланд Сооронбоев, як мақомдори вазорати тандурустии Қирғизистон дар нишасти хабарии рӯзи 8 август.

Буҷавиҳои Ишқободро ба супоридани ташхиси COVID-19 вазифадор карданд

Ozodi.org 

Дар пойтахти Туркманистон кормандони соҳаи буҷавӣ ва ширкатҳоро вазифадор карданд, ки аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Ба иттилои огаҳон, дастури мақомот дар ин бора 6 август содир шудааст. "Дар сурати нагузаштан аз ташхис ва надоштани натиҷаи ташхис дар даст, ба коргоҳ роҳ намедиҳанд",-гуфт як сокини шаҳри Ишқобод. Кормандони буҷавӣ гуфтанд, ки арзиши ташхис 100 манат (қариби 30 доллари ИМА) аст. "Ба табибон дастур шудааст, ки натиҷаи ташхисро дар варақа нанависанд, балки коргоҳи давлатиро дар... Читать дальше...

Дар наздикии Тошканд барои зиндониҳои мубталои COVID-19 минтақаи карантин месозанд

Ozodi.org 

Як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии Узбекистон гуфт, дар фурсатҳои наздик дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканд барои 3 ҳазор зиндонӣ минтақаи карантин бунёд мешавад. Мақомоти давлатии сохтмонии Узбекистон ба тарҳкашии ин минтақа шуруъ кардаанд. "Барои муолиҷаи зиндониёни гирифтори коронавирус 300 миллион сӯм, 4 зарфи киcлород, 600 адад дастгоҳи набзсанҷ ва чанд дона дастгоҳи нафаси сунъӣ ҷудо шудааст",-гуфт манбаъ. Хабар дода мешавад, ки наздики 70 тан аз зиндониён, зиндонбонон ва сарбозон дар... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла Фернандес во втором круге турнира WTA в Мадриде






В Хабаровске завели дело по факту контрабанды медали «Золотая Звезда»

Блогер Тамаев попал в аварию в Москве

"Наступление сетей": томский эксперт о трендах общепита

Все, шашлыки отменяются: в майские праздники на россиян обрушится настоящее климатическое бедствие