Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 09.08.2020

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба рӯйдодҳои ахири Беларус

Ozodi.org 

Интихоботи президентӣ дар Беларус аз камтарин маъракаҳои сиёсии солҳои охир буд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Аз як сӯ Тоҷикистону Беларус кишварҳои собиқи Шӯравиянд ва аз сӯи дигар раҳбаронашон аз соли 1994 инҷониб иваз нашудааст.

Чаппа шудани кран дар маҳалли сохтмони биноҳои нав дар Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шоми 8-уми август дар наздикии бозори "Меҳргон"-и шаҳри Душанбе як кран чаппа шудааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин кран дар маҳалли сохтмони биноҳои нав кор мекард ва 48 метр дарозӣ дошт. Бино ба хабари саҳифаи "Parviz TV" дар Фейсбук, дар ин ҳодиса гуё се нафар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд, вале мақомоти расмӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин замина хабар надодаанд. Дар шабу рӯзе, ки дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат ҷараён дорад, тақрибан дар ҳар кӯчаву хиёбон 2-3 борбардор қомат рост кардааст. Читать дальше...

Интихоботи президентии Беларусро баргузоршуда эълон карданд

Ozodi.org 

Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, беш аз 50 дар сади афроди қобили рой ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтаанд ва интихоботи президентии рӯзи 9-уми август баргузоршуда аст. Дар Беларус тақрибан 7 миллион нафар ҳаққи ройдиҳӣ доранд. Мақомҳои Беларус пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори худро ба мухолифону нозирони мустақили интихобот афзоиш доданд. Нигарониҳо вуҷуд доранд, ки раиси ҷумҳури кунунӣ Александр Лукашенко, ҳукуматдории 26-солаи худро бо истифода аз тақаллубу саркӯб дар баробари мухолифон дароз кунад. Читать дальше...



Баҳси иҷозаи кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баргашт

Ozodi.org 

Масъалаи иҷозаи кор ба рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд дар Тоҷикистон мавзуи баҳси доманадоре боқӣ мондааст. Коршиносон акредитатсия ва ё иҷозанома барои корро василае барои фишор ба рӯзноманигорони мустақил ва тақвияти худсензура медонанд. Хабарнигори шабакаи телевизионии «Настояшее время» Анушервон Орифов, ахиран  аз шумули рӯзноманигороне шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозаномаи корашро тамдид накард. Сабабаш як гузориши ӯ доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқонон буд... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Полина Михайлова

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису






Актер Цыганов заявил, что занимается музыкой не ради денег

Трагедия в «Крокусе»: почти 50 потерпевших обвиняют МЧС МО в полном бездействии

Вместе с 12-м фигурантом дела о теракте в «Крокусе» задержали его брата

Блогер Тамаев попал в аварию в Москве