Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 27.08.2020

Парванда ба зидди додситоне, ки дар садамаи мошинаш Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд

Ozodi.org 

Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар натиҷаи садамаи мошинаш сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ фавтид ва як нафари дигар маҷруҳ ҳуд, парвандаи ҷиноӣ кушодааст.



Ахбори Озодӣ аз 27-уми августи соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик кӯдаконро аз бинои оташзада берун карданд, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мақоми Президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд, як ҳизби сиёсии Қирғизистон аз ҳисоби ҷамъи дастаҷамъии пул гаравпулии интихоботро ба даст овард, дар ноҳияи Восеъ зане бо панҷ фарзандаш дар кӯча монд ва матолиби дигар.

Ба Нурсултон Назарбоев унвони қаҳрамонӣ доданд

Ozodi.org 

Ба президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев унвони нав – "Қаҳрамони ҷаҳони озод аз озмоишҳои ҳастаӣ" – дода шуд. Ин тасмимро дар иҷлосияи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи 26-уми август эълон карданд.

Брентон Таррант барои қатли 51 намозгузор ба ҳабси абад маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Зеландияи Нав марди 29-солаи авcтралиягӣ Брентон Таррантро, ки соли гузашта бо ҳамла ба ду масҷиди Крайстчёрч 51 нафарро куштааст, ба ҳабси абад маҳкум кард ва аз имкони афв ё бахшида шудан маҳрум намуд.

"Барои китф задан ва маҳалгароӣ ҷанг мекунанд"

Ozodi.org 

Афзудани муноқишаву кордкашӣ дар байни наврасону муҳассилони мактабҳо дар Душанбе мояи нигаронии мақомот ва ҷомеа шудааст. Дар камтар аз як сол дар шаҳр чанд наврасу навҷавони 18-сола кушта шуданд. Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки сабаби ҷангҳои гурӯҳӣ дар байни ҷавонон чист.

Раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки чаро наврасон ба кордкашӣ рӯ овардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Афзудани муноқишаву кордкашӣ дар байни наврасону муҳассилони мактабҳо дар Душанбе мояи нигаронии мақомот ва ҷомеа шудааст. Дар камтар аз як соли ахир дар шаҳр чанд наврасу навҷавони 18-сола кушта шуданд.

Новости России
Москва

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week


Сармураббии "Истиқлол" аз ду бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд

Ozodi.org 

Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Виталий Левченкоро аз ду бозии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кард.

Ҷоми AFC-2020 эҳтимолан лағв хоҳад шуд

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) созмонҳои миллии футболро, ки бошгоҳҳояшон дар Ҷоми AFC-2020 иштирок мекунанд, дар бораи эҳтимолан бекор кардани мусобиқаи имсола бинобар пандемияи ҷаҳонии Covid-19 ба таври расмӣ огоҳ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар номаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё гуфта мешавад, ки баъди эълони мавқуф гузоштани мусобиқа дар моҳҳои март ва апрели соли равон, AFC пас аз мубоҳисаҳои васеъ бо созмонҳои... Читать дальше...

Хонаводаи як донишманди тоҷикро, ки аз бемории COVID-19 фавтид, ҷарима кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хонаводаи як донишманди тоҷикро баъд аз ду моҳи фавташ аз коронавируси нав тақрибан 6 ҳазор сомонӣ, муодили 600 доллари амрикоӣ, ҷарима бастаанд. Мақомот онҳоро ба баргузории маросими "чил" айбдор мекунанд, вале пайвандон беасос мешуморанд.

Фаронса барои сохтмони неругоҳ ба Узбекистон 56 млн евро қарз медиҳад

Ozodi.org 

Вазорати энержии Узбекистон хабар дод, ки миёни ин кишвар ва Оҷонси фаронсавии рушд рӯзи 25 август дар ҳаҷми 55,8 миллион евро шартномаи қарзӣ имзо шудааст. Ин қарз ба муҳлати 20 сол ба Узбекистон дода шудааст. 46,5 миллион еврои ин қарз барои сохтмони чанд неругоҳи обӣ сарф мешавад. Эҳтимол меравад, ки неругоҳҳо соли 2023 ба истифода дода шаванд. Бо маблағи боқимондаи қарз корҳои симкашонӣ ва таъмини бехатарии корҳои сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

Қирғизистон омода нест, бо Узбекистон парвоз барқарор кунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Узбекистон ба ҷониби Қирғизистон пешниҳод кард, ки байни ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо барқарор шавад. Аммо ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, айни замон омода нест, ки ин масъаларо баррасӣ кунад. Дар Оҷонси авиатсиаи шаҳрвандии вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон гуфтанд, ин масъала танҳо дар ҳолати беҳ шудани вазъи гирифторӣ ба коронавирус ва бозшавии марзҳо баррасӣ хоҳад шуд. Мақомоти Оҷонс гуфтанд, коршиносон бар ин назаранд, ки вазъи коронавирус чӣ дар Қирғизистон ва чӣ дар Узбекистон ҳамоно боиси нигаронӣ аст. Читать дальше...

Қазоқистон аз 31 август карантинро дубора сабук мекунад

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон эълом карданд, ки карантини сахти эъломшударо дар пайи афзоиши якбораи шумори мубталоён ба коронавирус, сабуктар хоҳанд кард. Бар асоси қарори комиссияи байниидоравӣ, сар аз рӯзи душанбеи оянда қарор аст, дарҳои иттиҳодияҳои динӣ, фарҳангӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳо ва маҷмааҳои варзишӣ дубора боз шуда, ба тамринҳои оммавӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ иҷозат дода хоҳад шуд. Сар аз 31 август дар ин кишвар боғу мамнуъгоҳҳои миллӣ низ дубора фаъолият хоҳанд кард. Вале ҳангоми вуруд пӯшидани ниқоб ҳатмӣ аст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Кто отец Дианы Джокович?






Mash: студентов трех корпусов СПбГУ отправили на дистанционку из-за кори

В Подмосковье усилят меры безопасности в период майских праздников

Мария Нагорная приняла участие в акции «Доброе дело» в Лыткарине

В Москве раскрыли совершенное 12 лет назад убийство