Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 21.08.2020

Нозири тоҷикро баъди навори ҷанҷолаш бо ронандаи қазоқ аз кор ронданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон корманди Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Турсунзодаро барои “рафторе, ки шаъну эътибори корманди ВКД-ро паст мезанад” аз кор барканор кард. Навори баҳси нозири роҳ 22-уми июни соли равон зери номи "Баҳси ронандаи қазоқ бо пулиси тоҷик" дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки фармони барканории Ислом Маҳкамов, корманди 51 солаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Турсунзода ду ҳафта пеш содир шудааст. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ин ниҳод гуфт... Читать дальше...

Ҷо Байден пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрикоро пазируфт

Ozodi.org 

Ҷо Байден, муовини собиқи раиси ҷумҳури Амрико, расман пешниҳоди Ҳизби демократ барои ширкат дар интихоботро пазируфт ва барои гирифтани ҷойи раиси ҷумҳур Доналд Трамп мубориза мебарад. Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар рӯзи 20-уми август қавл дод, дар сурати интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур “ба рӯзҳои дӯстӣ бо диктаторҳо” хотима медиҳад ва аз рӯзи аввали кориаш стротегияи миллии мубориза бо пандемияи коронавирусро амалӣ мекунад. Ӯ, ки дар рӯзи саввум ва ниҳоии анҷуман аз зодгоҳаш шаҳри Вилмингтон... Читать дальше...

Маззаи нони танӯрӣ дигар аст

Ozodi.org 

Маззаи нони танӯрӣ дигар аст. Аз ин ҷост, ки бисёриҳо аз хонум Зеӣунисо Давлатова дархост мекунанд, барои онҳо чнин танӯр ё худ чакдон созад.

Баҳо гузорем ё нагузорем. Баҳси Донишгоҳи тиббӣ бо баъзе табибони оянда

Ozodi.org 

Чандин нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шикоят доранд, ки бар хилофи дастури Вазорати маориф, маъмурияти донишгоҳ баҳои имтиҳони онҳоро намегузоранд. Роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ даъвои донишҷӯёнро рад карда гуфт, як қисми ками донишҷӯён бо сабаби паст будани донишашон холҳои лозимро дар рафти таҳсил ба даст наоварданд. Ҳафтаи равон даҳҳо нафар, ки худро донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гуфтанд, ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки маъмурияти донишгоҳ онҳоро аз як соли таҳсил ба соли дигари таҳсил намегузаронан. Читать дальше...



Толибон 18 нафарро дар Афғонистон куштанд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба ду вилоят 18 нафарро куштаанд ва 8 каси дигарро захмӣ кардаанд. Ҳамлаҳо дар вилоятҳои Тахор ва Нангарҳор рӯзи 20-уми август ба вуқуъ пайвастаанд. Пулиси ноҳияи Хоҷа Баҳовуддин дар вилояти Тахор гуфт, ки ҷангҷӯён дар он шаб бо ҳамла ба як гуруҳи мусаллаҳи тарафдорони давлат ҳамла карда ва 13 нафарашонро куштаанд. Ба қавли мақомоти амниятӣ, баъди ба кӯмаки ин гуруҳ шитофтани сарбозон яке аз онҳо кушта ва ду тани дигарашон захмӣ шудаанд. Хадамоти... Читать дальше...

Сафарҳои президент дар аҳди коронавирус. Бо ҷалби садҳо ҷавон барои пешвози ӯ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо нафар аз ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба тамрин ҷалб шудаанд. Мақомот мегӯянд, эҳтимол президент моҳи сентябр ба ин ноҳия сафар кунад. Моҳи апрели соли равон барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус маъракаҳои оммавӣ, раҳпаймоӣ ё маршировкаи ҷавононро дар Тоҷикистон манъ карданд. То кунун дар бораи иҷоза додани маъракаҳои оммавӣ эълони расмие нашудааст. Видеои тамрин барои пешвози президент дар Мастчоҳ Самариддин, як ҷавон аз ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд... Читать дальше...

Тихановская аз коргарон хост, коршиканиро идома диҳанд

Ozodi.org 

Пешвои мухолифони давлат дар Беларус аз коргарони ширкатҳо ва корхонаҳои давлатӣ хост, коршиканиро идома бидиҳанд, то аз ин роҳ фишор ба раиси ҷумҳур Александр Лукашенко фишор оваранд, ки интихоботи нав баргузор кунад.

Луқмон Бойматов. Пешниҳод мекунам Рӯзи Миллии тоҷикон таъсис дода шавад

Ozodi.org 

Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик Ҳар қавму миллате Рӯзи миллии худро дорад, ки ба сарнавиштсозтарин рӯйдоди таърихи он асос меёбад. Барои намуна, шведҳо 6 июнро ҳамчун Рӯзи миллии худ ҷашн мегиранд, чун бунёдгузори ин кишвар Густав Вес 6 июни соли 1523 подшоҳи ин сарзамин интихоб шудааст. Ҷопониҳо 11 февралро Рӯзи миллии бунёди Кенкоку меноманд. Дар ин рӯз, дар соли 660 нахустин императори Ҷопон Ҷимму ба тахт нишастааст. Мардуми Канада 1 июл ба хиёбонҳо мерезад, то Рӯзи Канадро таҷлил намояд. Читать дальше...

Сафарҳои президент дар аҳди коронавирус. Бо ҷалби садҳо ҷавон барои пешвози ӯ

Ozodi.org 

Даҳҳо нафар аз ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба тамрин ҷалб шудаанд. Мақомот мегӯянд, эҳтимол президент моҳи сентябр ба ин ноҳия сафар кунад.

Табибони рус мегӯянд, Навалнийро набояд аз ҷояш ҷунбонд

Ozodi.org 

Табибони рус мегӯянд, вазъи сиҳатии Алексей Навалний, пешвои мухолифон иҷоза намедиҳад, ӯ аз бемористони шаҳри Омск ба ҷойи дигар баранд. Навалнийро, ки ба гуфтаи тарафдоронаш заҳролуд шудааст, дар Шифохонаи ёрии таъҷилии рақами 1 дар Омск муолиҷа мекунанд. Александр Мураховский, сартабиби шифохона рӯзи 21-уми август гуфт, ки вазъи сиҳатии Алексей Навалний андаке беҳтар шудааст, вале мӯътадил нест ва дар сурати ҳаракат додани ӯ, хатар ба ҷонаш зиёд  мешавад. Кира Ярмиш, сухангӯи Алексей Навалний гуфт... Читать дальше...

Дар Белорус дар робита ба таъсиси шӯрои мухолифон парванда боз карданд

Ozodi.org 

Додситонии кулли Белорус дар пайи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон бо моддаи ғасби ҳукумат парванда боз кард. Дар ин бора Александр Конюк, додситонии кулли он кишвар хабар дод. "Таъсис ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон ба ғасби мақомоти давлатӣ ва инчунин расонидани зиён ба амнияти давлат равона шудааст", - гуфт вай. Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат дар Белорус ибтидои ҳафтаи ҷорӣ таъсис шуд. Дар нишасти матбуотии Шӯро гуфта шуд, ки аъзои он умедворанд бо президент Александр Лукашенко гуфтугӯ ба роҳ хоҳанд монд. Читать дальше...

Кремл бистарӣ шудани мухолифи ҳукумат Сергей Навалнийро шарҳ дод

Ozodi.org 

Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфт, ки хабарҳо дар бораи бистаришавии Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати кишварро пайгирӣ мекунад ва ба вай "офият таманно дорад". Песков ваъда кард, ки дар сурати зарурат барои интиқоли Навалний ба беморхонаҳои хориҷ мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд, беҳтарин пизишкон ҷалб шудаанд, ки барои сиҳатии Навалний тамоми талошро харҷ мекунанд. Песков гуфт, агар иттилоъ дар бораи заҳролудсозии Навалний тасдиқ шавад, тафтиш ба роҳ монда хоҳад шуд. Алексей Навалний... Читать дальше...

Новости России
Москва

«1418»: выставка секции «Арт-фото» ТСХР в зале «Лаврушинский`15»


Аз баҳси дарози риши дароз то худнамоӣ дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Салом. Имрӯз дар бораи риш гузоштан дар Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки ҳафтаи гузашта дигарбора доғ шуд. Дар ноҳияи Ванҷ рузи 12-уми август гуруҳе аз ҷавонон ҷамъ омада ва норозигӣ кардаанд, ки мақомот аз онҳо мехоҳанд, ришашонро тарошанд. Мақомот гуфтанд дурӯғ аст, аз касе чизе нахостаанд.

"Хатлон" бидуни бохт дар Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон пешсаф аст

Ozodi.org 

Натоиҷи бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 19-уми август баргузор шуд, мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир надод. Пешсафи мусобиқаи Лигаи занона  – «Хатлон» -и Бохтар - дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. “Хатлон”, ки 34 имтиёз гирифтааст, ягона дастаест бохт надорад.  Бозии марказии даври дувоздаҳум миёни дастаҳои «Зебонисо»-и Душанбе ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. “Зебонисо”... Читать дальше...

Қирғизистон вуруди хориҷиҳоро осонтар кард

Ozodi.org 

Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ба Қирғизистон сода гардонида шуд. Дар ин бора аз ҳукумати он кишвар хабар доданд. Ҳамакнун шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, ҳаққи доимии иқомат доранд, ба табобат ва ё маросими дафни наздиконашон меоянд, метавонанд, бидуни монеа вориди Қирғизистон шаванд. Ба ҷуз ин, мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки барои рафъи оқибатҳои манфии таъсири коронавирус марҳила ба марҳила марзҳоро боз ва ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи вуруд диҳанд. Читать дальше...

Ҳамла ба кормандони роҳи оҳани Узбекистон дар Мазори Шарифи Афғонистон

Ozodi.org 

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 20 август ба кормандони роҳи оҳани Узбекистон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон яке аз кормандон ҷароҳати вазнин бардошт. Корманди маҷруҳро ба бемохонаи шаҳри Термизи Узбекистон интиқол додаанд. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла як сарбози афғон кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст. Масъулияти ин ҳамларо ҳеч гуруҳе ба зима нагирифтааст. Мақомоти Афғонистон ҳамлагаронро ҷустуҷӯ доранд.

Мақомоти Қазоқистон мухолифи узбекистониро ба ватанаш истирдод карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон Хуррам Бердиев, фаъоли ҳизби мухолифи Узбекистон "Эрк"-ро ба кишвараш истирдод карданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, боздошт ва истирдоди Бердиев ба мавқеи сиёсии вай рабт надорад. "Бердиев дар савдои одамон айбдор мешавад. Ҳеч айби дигаре нисбати вай эълом нашудааст", - хабар доданд аз раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканди Узбекистон. Бердиев моҳи феврали соли ҷорӣ таҳти пайгард қарор гирифт ва дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон боздошт гардид. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ӯро... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах на турнире в Мадриде






Baijiahao: Россия нашла способ лишить Великобританию золота

Синоптик Тишковец назвал редкостью для Москвы прошедший накануне сильный ливень

Песков: РФ в случае изъятия ее активов будет бесконечно отстаивать свои интересы

Сегодня в России отмечается День работника скорой помощи