Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 04.08.2020

Баъд аз гузорише дар бораи Раҳмон, хабарнигори "Настоящее Время" бе парвонаи кор монд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони "Настоящее Время", як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро аз аккредитатсия ё парвонаи кор маҳрум кард. Дар ин бора мақомот рӯзи 4-уми август намояндаи дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе расман огоҳ намуданд.   Муҳлати иҷозаи кори Анӯшервон Орифов рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале масъулони вазорат онро дароз накарданд. Мақомоти Тоҷикистон аз нашри ду матлаби вобаста ба равишҳои таблиғи эҳтимолии пеш аз интихоботи... Читать дальше...

Таркиши маргбор дар Бейрут

Ozodi.org 

Бар асари таркиши сахт дар Бейрут, пойтахти Лубнон, даҳҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд. Ин таркиш баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе руй додааст.

Фармони боло бурдани маошу нафақа дар Тоҷикистон имзо шуд, аз кӣ чӣ қадар?

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон, бинобар таъсири манфии пандемияи короновирус, аз камбуди пул дар буҷаи кишвар мегӯянд, маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва стипендия аз якуми сентябри имсол 15 дарсад боло бурда мешавад.

Як халта нос – 20 рубл, ҷазо барои носфурӯшӣ – 20 ҳазор рубл

Ozodi.org 

Ҷазо барои фурӯши носро дар Русия сахттар карданд. Мақомот интизор доранд, ки бо бештар шудани ҷаримаҳо нархи нос гарон мешавад ва минбаъд барои наврасону ҷавонон дастнорас хоҳад буд. Аммо як санҷиши хабарнигори телевизиони «Настоящее время» дар Маскав нишон дод, ки барои носкашҳо дастрас кардани ин навъи тамоку душвор нест. Гузоришро Амриддин Олимов тақдим мекунад.



Вазир гуфт, нагузоштанд, ки COVID-19 иқтисодро бемори "бистарӣ" кунад

Ozodi.org 

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди кишвар, тавонистанд рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро дар сатҳи 3,5 дарсад таъмин намоянд. Аммо таҳлилгарони мустақил ба ин гуфтаҳо бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ки дар чунин шароит ин кор баъид ба назар мерасад. Тоҷикистон қаблан рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии худро дар соли 2020 дар сатҳи 7,8 фисад пешбинӣ намуда буд, аммо дар пай таъсири хуруҷи коронавирус онро бознигарӣ намуда, ба сатҳи 4,7 фоиз поин овард. Читать дальше...

Додистонҳо мехоҳанд, ҳисоботҳои молиявии Доналд Трампро тафтиш кунанд

Ozodi.org 

Яке аз додситонҳои Ню Йорк мегӯяд, ки таҳқиқи парвандаи тиҷоратҳои раиси ҷумҳур Доналд Трампро васеътар кардааст ва ҳоло тақаллубҳои эҳтимолии бонкӣ ва бимаи ширкатҳои ӯро тафтиш мекунанд. Сайрус Ванс, додситони Манҳеттен рӯзи 3-уми август гуфт, аз тариқи додгоҳ талаб кардаанд, ки санадҳои хусусии раиси ҷумҳур ва ҳисоботи молиёти ширкатҳояшро дар ихтиёри додситонҳо гузорад. Дархост аз додгоҳ бахше аз тафтишоти парвандаи Трамп аст, ки ба пардохти “ҳаққи сукут” ба ду зане, муттаҳам мешавад, ки гӯё... Читать дальше...

Медведев гуфт, ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон зиёд шудааст

Ozodi.org 

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Миллии Русия гуфт, ба сабаби пандемияи коронавирус, ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон дар кишвараш зиёд шудааст. Медведев ҳангоми ҷаласаи шӯро дар рӯзи 3-уми август гуфт, ки дар натиҷаи пандемия 40 дар сади муҳоҷирон дар Русия аз ҷойи корашон маҳрум шудаанд. Ӯ афзудааст, чунин шароит “бешубҳа барои афзоиши ҷиноят замина месозад”. Вазорати умури дохилии Русия рӯзи 25-уми июл муҳоҷиронро ба афзоиши ифротгароӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва тазоҳуроти беиҷоза муттаҳам кард. Читать дальше...

Сапкало мегӯяд, Лукашенко аз тазоҳургарон метарсад

Ozodi.org 

Валерий Сапкало яке аз рақибони табъидии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус мегӯяд, дар сурати тазоҳуроти бузург баъд аз интихобот, ин раҳбари худкома ба зидди тазоҳургарон аз нерӯ истифода нахоҳад кард. Мухолифат ба Лукашенко, ки 26 сол аст, Беларусро раҳбарӣ мекунад, дар арафаи интихоботи рӯзи 9-уми август зиёд шудааст, бо вуҷуди онки таҳлилгарон мегӯянд, ки ӯ дигарбора бо истифода аз тақаллуб ва саркӯби мухолифон дар интихобот пирӯз мешавад. Валерий Сапкало, тоҷири шинохта ва сафири собиқ... Читать дальше...

Коршиносони СММ гуфтаанд, Куриёи Шимолӣ бомби хурди атомӣ сохтааст

Ozodi.org 

Баъзе аз кишварҳо бовар доранд, ки Куриёи Шимолӣ бомби хурди атомие сохтааст, ки метавонад, ба мушакҳои баллистикӣ насб ва партоб кунад. Ин хулосаи гуруҳе аз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аст, ки дар як гузорише  ба Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд. Хабаргузориҳои “Ройтерс” ва Хабаргузории Олмон гуфтанд, ки гузориши мазкурро рӯзи 3-уми август ба 15 узви Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд ва онро бар асоси иттилооте таҳия кардаанд, ки аз кишварҳои узви Созмони Милал омода шудааст. Дар гузориш омадааст... Читать дальше...

Бонки авросиёии рушд ба Тоҷикистон $50 млн қарз дод

Ozodi.org 

Бунёди авросиёии рушд барои мубориза бо оқибатҳои бемории COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо кард. Дар изҳороти созмон аз 3-уми август гуфта мешавад, ки Шӯрои роҳбарон чунин қарор қабул кард. Гуфта мешавад ин маблағ барои иҷрои барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон барои муқобила бо оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявии кишвар ихтисос дода шудааст. Қарз ба муҳлати 20 сол ба Тоҷикистон дода шудааст ва муҳлати имтиёзноки он 10 сол мебошад. Пас аз ин муҳлат кишвар барои бозгардони ин қарз шурӯъ мекунад. Читать дальше...

Дар Қирғизистон як марди 101-сола аз COVID-19 шифо ёфтааст

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Қирғизистон Айнура Акматова рӯзи душанбе 3-уми август гуфт, ки дар ин ҷумҳурӣ як марди 101-сола аз бемории COVID-19 шифо ёфта, аз бемористон раҳо шуд. Акматова афзуд, дар 24 соати гузашта 410 ҳодисаи нави сирояти COVID-19 дар ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 37 ҳазору 129 нафар расид. Ӯ афзуд, бар асари бемории коронавирус 1427 нафар дар Қирғизистон ҷони худро аз даст додаанд..

СҶТ: "Мумкин аст ҳеҷ гоҳ дармоне барои COVID-19 пайдо нашавад"

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи душанбеи 3-юми август ҳушдор дод, ки бо вуҷуди умедвориҳои зиёд ба кашфи ваксина, мумкин аст ҳеҷгоҳ як дармон ё илоҷи қатъӣ барои бемории КОВИД-19 пайдо нашавад ва раванди бозгашт ба зиндагии оддӣ тӯлонӣ бошад. Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, то кунун беш аз 18 миллиону 140 ҳазор кас дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор шуда, зиёда аз 688 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар шуморе аз кишварҳои ҷаҳон, ки фикр мекарданд аз сирояти ин беморӣ пешгирӣ карданд, ҳолатҳои нав ва густурдаи паҳншавии вирус рӯй додааст. Читать дальше...

Новости России
Москва

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)


Дар Қазоқистон занон барои кудакозорӣ ҳукми қатл талаб доранд

Ozodi.org 

Ҳудуди 20 зан рӯзи 3-юми август дар маркази шаҳри Нурсултон ҷамъ омада, талаб карданд, ки барои озору азияти ҷинсии кӯдакон дар Қазоқистон ҳукми қатл пешбинӣ шавад. Занон гуфтанд, шумораи ин навъи ҷиноят дар Қазоқистон афзоиш ёфта, ҳукумат нисбат ба он "бетаваҷҷуҳӣ" мекунад. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, ҷазое, ки ҳоло барои ҷинояти мазкур дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, "ба андозаи кофӣ сангин нест". "Ман талаб мекунам, ки кӯдакозорҳо (педофилҳо) ба қатл маҳкум шаванд. Вақте кӯдаконро ҳимоят карда наметавонем... Читать дальше...

Лаҳистон "Газпром"-ро 50 миллион евро ҷарима кард

Ozodi.org 

Идораи ҳифзи рақобат ва ҳимояти ҳуқуқи истеъмолкунандагони Лаҳистон ширкати "Газпром"-ро барои ироа накардани маълумот дар бораи лоиҳаи "Ҷараёни шимол-2" ҷарима кард. Дар иттилоияи ниҳоди зиддиинҳисории Лаҳистон ҳаҷми ҷарима 50 миллион евро гуфта шудааст. Ин ҳадди аксари ҷаримаест, ки қонунҳои Лаҳистон пешбинӣ мекунанд. Далели ҷарима он будааст, ки "Газпром" дар бораи созишномаҳои ширкати зертобеи худ - Nord Stream 2 бо ширкатҳои аврупоии сармоягузори тарҳ маълумот пешниҳод накардааст. Ниҳоди зиддиинҳисории... Читать дальше...

Дар Узбекистон кумакпулии бекоронро мансабдорон гирифтаанд

Ozodi.org 

Мансабдорони вилояти Намангони Узбекистон 216,2 млн. сӯм ($21 ҳазор)-и пули буҷаро, ки барои сокинони бекор ҷудо шуда буд, азхуд кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, кормандони Маркази мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Намангон санадҳоро сохтакорӣ карда, нишон додаанд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ 204 нафар иштирок намудаанд. Шахсоне, ки номашон дар санадҳо зикр шудааст, барои пайдо кардани ҷои кор ба марказ муроҷиат накардаанд ва дар рӯйхати афроди бекор низ нестанд. Дар натиҷа мансабдорон 216,2 млн сӯмро азхуд кардаанд. Читать дальше...

Ҳашт даста дар чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020

Ozodi.org 

Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон -2020 оид ба футбол, ки рӯзҳои 1-3-юми август баргузор шуданд, дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Хатлон»-и Бохтар, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Эсхата”-и Хуҷанд ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Се бозии даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи шанбе, 1-уми август, доир гардид. «Кӯктош» дар меҳмонӣ бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Мбеке Деудоне Сиебатчеу... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

«Был риск завершить борьбу еще в первом матче». В России оценили победу Рыбакиной в Штутгарте






Байрамян высказался о победе «Ростова» над «Уралом»

Вера – в свободу, надежда – на государство: ученые выяснили настроения молодых россиян

Специальная оценка условий труда военных коммунальщиков проведена в Московской области

В Казахстане объяснили, почему мигранты никогда не станут своими в России