Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 08.08.2020

Мақомот марги модару тифлаш дар таваллудхонаи Файзободро таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Хешовандони як зани ҳомила дар ноҳияи Файзобод, ки ҳангоми таваллуд бо тифли батнаш фавтид мегӯянд, беэътиноии пизишкон сабаби марги модару кӯдак шудааст. Пизишкон иддаои хонаводаи занро рад мекунанд.

Эрон истеъфои дипломати Амрикоро "хандаовар" номид

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷаи Эрон истеъфои Брайан Ҳук, намояндаи хоси ҳукумати Амрико барои Эронро, масхараомез хонда, гуфтааст, ки Кохи Сафед “луқмаи бузургтар аз даҳонашро бардоштааст.” Намояндаи хос, сиёсати Иёлоти Муттаҳида барои Эронро пеш мебарад. Баёнияи тамасхуромезро Аббос Мусавӣ сухангӯи вазорат рӯзи 7-уми август дар саҳифааш дар Твиттер нашр кардааст. Як рӯз қабл аз ин вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, ки Брайан Ҳук вазифаи худро тарк мекунад.  Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт... Читать дальше...

Ба кормандони давлат дар Туркманистон дастур додаанд, пули озмоишро бипардозанд

Ozodi.org 

Кормандони давлат дар Туркманистон дастур гирифтаанд, ки ҳаққи гарони озмоиш аз коронавирусро худашон бипардозанд, ҳарчанд ҳукумат мегӯяд, дар кишвар ҳеҷ COVID-19 нагирифтааст. Сабабҳои судури чунин дастур дар рӯзи 6-уми август рӯшан нест. Пофишории мақомоти Туркманистон ба орӣ будани кишвар аз вирус шубҳаи зиёдеро ба бор овардааст. Айни замон бино ба гузоришҳо, шифохонаҳо пур аз беморон бо аломатҳои илтиҳоби шуш шудаанд. Дар Узбекистон мақомот гуфтанд, ки имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳо дар майдонҳои... Читать дальше...

Итолиё чораҳои эҳтиётӣ аз коронавирусро тамдид кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Итолиё, яке аз кишварҳои сахт осебдида аз бемории COVID-19 баъзе аз маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси навро то моҳи сентябр тамдид кард. Бар асоси қарори нахуствазир Ҷузеппе Конте, пӯшидани ниқоб дар маконҳои умумии баст, риояти фосилагирӣ аз ҳамдигар то 7-уми сентябр ҳатмӣ хоҳад буд ва баргузории чорабинҳои бузурги оммавӣ манъ аст. Қарори мазкур рӯзи 7-уми август қабул шуд. Ҷузеппе Конте аз мардуми кишвараш, ки то кунун 35 ҳазор нафарро аз бемории  COVID-19 талаф додаанд, хост, ки эҳтиёткор бошанд. Читать дальше...

Трамп гуфт, Чину Эрону Русия муштоқи дидани шикасти ӯ дар интихобот ҳастанд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукуматаш ҳушдори раҳбари як идораи иттилоотӣ дар бораи мудохилаи эҳтимолии Русияву Чин ва Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябрро мӯшикофона меомӯзад. Айни замон ба бовари  Доналд Трамп, ҳеҷ яке аз ин кишварҳо намехоҳанд, ӯ дар интихобот пирӯз шавад. Доналд Трамп ҳангоми нишасти хабарие дар рӯзи 7-уми август дар Вашингтон гуфт, ки Амрико “нигоҳ мекунад, ки он се кишвар чӣ кор мекунанд”. Ӯ ба суоле дар бораи ҳушдори Билл Эванин, раҳбари Маркази Амнияти Иттилоотии Амрико посух дод... Читать дальше...

Лоя Ҷирга баҳс сари зиндониёни Толибро идома медиҳад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кобул нишасти Лоя Ҷирга, шурои сарони қавму қабила ва сиёсатмадорони шинохта идома дорад, ки дар он масъалаи озодии 400 зиндонии Толибро баррасӣ мекунанд, ки дар ҳамлаву бомбгузориҳои хунине даст доранд. Раҳоии зиндониён яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи музокироти мустақим байни ҳукумат ва Толибон аст, ки бо Амрико барои хотима додан ба ҷанг созиш бастанд. Нишасти Лоя Ҷирга, ки рӯзи 7-уми август оғоз ёфт, фардо низ идома меёбад. Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврал имзо карданд... Читать дальше...

Вакилон гуфтаанд, коронавирус як сабаби пеш овардани санаи интихоботи Тоҷикистон шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки хатари густариши коронавирус яке аз сабабҳои як моҳ пештар аз муҳлати муқарраршуда таъйин кардани санаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Кто отец Дианы Джокович?






Что можно отметить в этот день

Подмосковные ученики победили на всероссийской школьной олимпиаде

Обожал русскую жену и боялся кузнечиков: биография Сальвадора Дали

Мария Нагорная приняла участие в акции «Доброе дело» в Лыткарине