Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 16.08.2020

Минcк шоҳиди "Раҳпаймоӣ барои озодӣ" шуд. Лукашенко гуфт, интихоботи такрорӣ намешавад

Ozodi.org 

Рӯзи 16-уми август дар Минск пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, ҷамъ омаданд.

Ҷамшед Исмоилов - сарояндаи "Модари ман" даргузашт

Ozodi.org 

Ҷамшед Исмоилов, яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ва дар гузашта муовини вазири фарҳанг дар синни 64-солагӣ даргузашт. Доир ба марги ӯ чанде дӯстони овозхон ва Иттиҳодияи гуруҳҳои консертии Тоҷикистон дар Фейсбук хабар додаанд.

Иртиботи телефонӣ байни Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барқарор шуд

Ozodi.org 

Бо ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил, иртиботи телефонӣ байни ду кишвар аз рӯзи 16-уми август ба кор даромад. Дар гузашта ҳангоми занг задан ба Исроил, паёме бо забони арабӣ ва ё англисӣ садо медод, ки зангҳои телефонӣ ба Исроил васл карда намешаванд. Ҳарчанд мардум аз тариқи Интернет ва бо роҳҳои гуногун ба Исроил занг мезаданд, вале он ҳам зуд қатъ мешуд. Ба кор андохтани иртиботи телефонӣ байни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Исроил аввалин қадами мушаххас дар иҷрои созиши байни ду кишвар аст. Читать дальше...

Дар ҷаҳон теъдоди рекордии гирифторони COVID-19-ро сабт кардаанд

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар 24 соати гузашта бештар аз 294 ҳазор мавриди навӣ ва рекордии сирояти бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳонро сабт кардааст. Дар гузориши тозаи созмон аз рӯзи 15-уми август омадааст, ки бо ин теъдоди гирифторон ба 21 миллион нафар мерасад. Бар асоси гузориш, аз беморӣ 9985 нафар фавтидаанд ва талафот ҳам ба бештар аз 755 ҳазор нафар мерасад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт фақат омори расмии тасдиқшударо истифода мебарад ва барои ҳамин гуфта мешавад, теъдоди беморону талафот дар муқоиса ба омори расмӣ бисёр зиёд аст. Читать дальше...

Трамп гуфт, механизми бозгардонидани таҳримот ба зидди Эронро фаъол мекунад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш механизми бозгардонидани таҳримҳо ба зидди Эронро фаъол мекунад. Доналд Трамп рӯзи 15-уми август ба хабарнигорон гуфт, “Мо таҳримҳоро боз мегардонем”.

Беларус худро барои "Раҳпаймоӣ барои озодӣ" омода мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст, имрӯз мардуми зиёде ба кӯчаҳои Минск, пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои кишвар бароянд ва эътирози худро ба натиҷаҳои интихоботе, баён кунанд, ки дар он раиси ҷумҳури худкома Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд.

200 муҳоҷири тоҷикро аз марзи Қазоқистон баргардонданд

Ozodi.org 

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират эълон кард, ки барои баргардонидани беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат кардааст. Дар баёнияи расмии созмон, ки имрӯз нашр шуд, муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон субҳи 16-уми август ба кишвар баргаштанд. Дар баргардонидани муҳоҷирон Норвегия кӯмаки молӣ кардааст. Дар баёнияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират омадааст, ки аз замони маҳдуд... Читать дальше...

Ҷамшед Исмоилов сарояндаи таронаи маъруфи "Модари ман" даргузашт

Ozodi.org 

Ҷамшед Исмоилов, яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ва дар гузашта муовини вазири фарҳанг дар синни 64-солагӣ даргузашт. Доир ба марги ӯ чанде дӯстони овозхон ва Иттиҳодияи гуруҳҳои консертии Тоҷикистон дар Фейсбук хабар додаанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ига Свёнтек

Свёнтек: я чувствую, что с каждым годом получаю всё большую поддержку






Нью-Ингленд Революшн – Интер Майами, прогноз на матч 28 апреля 2024, МЛС

Как в Туле будет организовано движение на Пасху

Житель Мытищ получил 9 лет и 10 месяцев колонии за убийство родной сестры

В Москве запустили сервис проверки графика отключения горячей воды в доме