Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 07.08.2020

Бонки Ҷаҳонӣ: Осиёи Марказӣ баъди вабо гирифтори буҳрони амиқ мешавад

Ozodi.org 

Пандемияи коронавирус ба таҳсил, сифати сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири дарозмуддат хоҳад расонд. Дар ин бора дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст.

Ахбори Озодӣ аз 7-уми августи соли 2020

Ozodi.org 

Овозхони тоҷик Баҳром Ғафурӣ, ки бар асари садама ба ҳалокат расид, дар Душанбе ба хок супурда шуд, пирони афғон сарнавишти беш аз 400 толиби маҳбусро ҳал мекунанд, шаҳраки чинии Суғд дар хаёл монд ва баъзе шаҳрвандон аз боло бурдани маош хушҳол нестанд.

Тарафдорони Тихановская дар Минск гирди ҳам омаданд

Ozodi.org 

Ҳазорон нафар аз тарафдорони Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус рӯзи 6-уми август дар як боғи Минск ҷамъ омада ва ҳимояташонро аз ӯ иброз доштанд. Светлана Тихановская маҷбур шуд, ки маъракаи тарғиботиашро дар Минск лағв кунад, чун мақомот гуфтанд, ки дар маҳалли ҳамоиш чорабиниҳои давлатӣ баргузор мешавад. Баъди лағв шудани ҳамоишҳои интихоботиашон дар Боғи дӯстии халқҳо ва Боғи Киев, Светала Тихановская ҳамроҳ бо шариконаш Мария Калесникая, Вероника Сапкала гуфтанд... Читать дальше...

Теъдоди донишҷӯёни буҷавиро дар факултаҳои тиббии Қирғизистон бештар карданд

Ozodi.org 

Ба далели афзоиши талабот ба мутахассисони соҳаи тиб, бо фармони Вазорати тандурустии Қирғизистон теъдоди донишҷӯёни буҷавӣ дар факултаҳои тиббии донишгоҳҳои давлатии он кишвар бештар шуд. Дар ин бора аз мақомоти вазорати тандурустии Қирғизистон хабар доданд. "Дар соли хониши 2020-2021 теъдоди донишҷӯёни буҷавӣ дар факултаҳои тиббии донишгоҳҳои давлатӣ афзоиш дода шуд",-гуфт Ойгул Бообекова, як мақомдори Вазорати тандурустии Қирғизистон. Ба гуфтаи вай, 250 донишҷӯёни дигар дар соли нави таҳсил... Читать дальше...

Дар Амрико талафот аз коронавирус зиёд шудааст

Ozodi.org 

Дар Амрико рӯзи 6-уми август марги 2 ҳазор нафар бар асари коронавирусро сабт кардаанд, ки дар се моҳи гузашта мушоҳида нашуда буд. Дар ин кишвар, ки сирояти беморӣ дигарбора суръат гирифтааст, 2060 нафар фавтидаанд ва 58 ҳазор каси дигар ба бемории СОVID-19 гирифтор шудаанд. Дар Амрико бори охир моҳи май марги бештар аз 2 ҳазор нафар дар як рӯз сабт шуд. Дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ ҳам беморӣ ва талафот зиёд мешавад. Дар Бразилия рӯзи 6-уми август 53 ҳазор мавриди нави беморӣ ва 1200 фавт аз онро сабт кардааанд. Читать дальше...



Тазоҳургаронро аз Бейрути ваҳшатзада пароканда карданд

Ozodi.org 

Нерӯҳои амниятӣ дар Бейрут даҳҳо тазоҳургарро, ки баъди таркиши мудҳишу маргбор ба хиёбонҳо баромаданд, пароканда кардаанд. Тазоҳургарон ҳукуматро ба бемасъулиятӣ ва роҳ додан ба таркише муттаҳам мекунанд, ки 149 нафарро кушт, ҳазорон нафарро маҷрӯҳ кард. Тақрибан 300 ҳазор нафари дигар ҳоло имкони бозгашт ба хона надоранд. Ба гуфтаи матбуоти давлатӣ, маъмурони амниятӣ шоми 6-уми август бо истифода аз гази ашковар даҳҳо эътирозгарро дар Бейрут пароканда карданд, ки ба самти онҳо санг меандохтанд. Читать дальше...

Таҳлили БҶ: Осиёи Миёна баъди вабо гирифтори буҳрони амиқ мешавад

Ozodi.org 

Вабои коронавирус ба таҳсилот, сифати сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфии дарозмуддат хоҳад расонид. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст. Дар гузориш омадааст, ки дар кишварҳои минтақа ҷавонон ва донишҷӯён қариб нисфе аз аҳолиро ташкил медиҳанд. Буҳрон даромадҳои эҳтимолии насли наврасро зери хатар қарор медиҳад. Бино ба таҳлилҳо, сатҳи бесаводии амалӣ миёни наврасон меафзояд ва ин маънои онро дорад, ки шумори хонандагоне, ки аз мутолиа кардан... Читать дальше...

Лоя Ҷирга сарнавишти зиндониёни Толибро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кобул ҷаласаи Лоя Ҷирга, шӯрои қабиласолорону шахсиятҳои шинохта дар Афғонистон оғоз ёфт, ки дар он сарнавишти садҳо зиндонии Толибро баррасӣ мешавад. Раҳбарони Толибон мехоҳанд, ин зиндониён пеш аз оғози музокироти мустақими сулҳ бо ҳукумат озод карда шаванд. Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ҳафтаи гузашта амр дод, ки 500 зиндонии Толибон ба нишонаи ҳусни ният озод карда шаванд. Толибон қабл аз Иди Қурбон барои се рӯз оташбас эълон карданд ва ҳукумат ба он розӣ шуд. Оташбас рӯзи 31-уми июл ба иҷро даромад ва 2-уми август хотима ёфт. Читать дальше...

Трамп: Ваксинаи COVID-19 эҳтимолан қабл аз интихоботи 3-юми ноябр омода мешавад

Ozodi.org 

Доналд Трамп рӯзи панҷшанбеи 6-уми август гуфтааст, ин имкон вуҷуд дорад, ки ваксинаи коронавирус то қабл аз савуми ноябр, рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, омода шавад.  Оқои Трамп, ки дар як барномаи радиоӣ суҳбат мекард, дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ вақт ваксинаи коронавирус омода хоҳад шуд, гуфт, "хеле зудтар аз поёни сол, хеле зудтар". Мусоҳибакунанда дар идома пурсид, "зудтар аз савуми ноябр?". Раиси ҷумҳури Амрико дар посух гуфт, "фикр мекунам дар бархе аз мавридҳо бале, қабл аз севуми ноябр ин имкон вуҷуд дорад". Читать дальше...

Бозпурсии соҳиби киштие, ки маводи дохили он боиси таркиш дар Бейрут шуд

Ozodi.org 

Пулиси Қибрис (Кипр) рӯзи панҷшанбе соҳиби эҳтимолии киштиеро бозпурсӣ кард, ки маводи дохили он рӯзи 4 август боиси таркиш дар Бейрути Лубнон шуд. Пулис шахсияти бозпурсишударо ошкор намекунад, аммо расонаҳо навиштанд, соҳиби киштӣ тоҷири рус Игор Гречушкин аст, ки айни замон дар Қибрис истиқомат дорад. Мақомоти Лубнон шаш сол пеш аз ин киштӣ 2750 тона селитраи аммиакро мусодира карда буданд. Ин селитраҳо рӯзи 4 август дар анборе дар бандари Бейрут таркиданд. Мақомоти тафтишотии Лубнон гуфтанд, хунукназарӣ боиси таркиш шудааст. Читать дальше...

ФИФА ба футболи Қирғизистон кӯмаки молӣ мерасонад

Ozodi.org 

Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) ба Иттифоқи футболи Қирғизистон барои бартарафсозии пайомадҳои иқтисодии вабои коронавирус ва пуштибонӣ аз федератсияи миллӣ 1,5 миллион доллар ҷудо мекунад. ФИФА ба ҳар кадом федератсияе, ки узви созмони мазкур ҳастанд 1,5 миллион долларӣ ҷудо мекунад. Федератсияи футболи Қирғизистон хабар дод, қисме аз кӯмаки ФИФА ба азсаргирии мусобиқаҳои ватанӣ равона мешавад. Федератсияи футболи Қирғизистон гуфт, тасмим дорад, аз 7 август бозиҳои қаҳрамони кишварро шуруъ кунад. Читать дальше...

СҶТ: "Бозгашти оммавии мухлисон ба варзишгоҳҳо фоҷиа аст"

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ баргузор кардани чорабиниҳои варзиширо бо шумораи зиёди тамошобинон дар пасманзари пандемияи коронавирус "ғайривоқеӣ" мешуморад. Мудири бахши ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустии СҶБ Майкл Райан гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо доир кардани бозиҳо дар варзишгоҳҳо бо ҳузури даҳҳо ҳазор одам метавонад "фоҷиа" бошад. Вақте дар як сӯҳбат дар шабакаҳои иҷтимоии СҶБ дар бораи санаи эҳтимолан дубора баргузор шудани чорабиниҳои бузурги варзишӣ пурсиданд, Райан гуфт, ки пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст. Читать дальше...

Дар Узбекистон фаъолияти боғчаҳо аз сар гирифта мешавад

Ozodi.org 

Дар боғчаҳои Узбекистон барои шуруи фаъолият омодагӣ мебинанд. Дар он кишвар дари боғчаҳо дар робита ба паҳншавии вируси корона баста шуд. "Азсаргирии фаъолияти боғчаҳо бо ҳадафи баргардонии кӯдакон ба ҳаёти муътадил, ба бозиву таҳсил рӯи даст гирифта шудааст. Аммо шарт ин аст, ки боғчаҳо муҳити амнро барои кӯдакон ва коргарон муҳайё кунанд", - омадааст дар хабари маркази матбуотии вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон. Ин вазорат хабар медиҳад, ки барои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба вируси корона чораҳои иловагӣ андешида шудааст. Читать дальше...

Дар Уралски Қазоқистон нахостанд, барои гирифторони COVID-19 беморхона бунёд шавад

Ozodi.org 

Даҳҳо тан аз сокинони шаҳраки "Жулдиз" дар Уралски Қазоқистон аз мақомот талаб карданд, ки сохтмони беморхона барои гирифторони COVID-19-ро қатъ кунанд. Ин сокинон шикоят доранд, ки сохтмони беморхона дар наздикии макони зисти онҳо хатари гирифторшавӣ ба коронавирусро бештар мекунад. Ҳокими Уралск Абат Шинибеков гуфт, ки сохтмони беморхона ба сиҳатии сокинон ҳеч хатаре нахоҳад дошт. "Ҳамаи беморхонаҳои калон дар маркази шаҳрҳо бунёд шудааст, атрофашон биноҳои баландошёна ҳаст. Барои шумо ҳеч хатаре ба бор намеорад"... Читать дальше...

Бердимуҳаммадов китоби наве бо номи "Ҷаҳони маънавии туркман" навишт

Ozodi.org 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон китоби наве бо номи "Ҷаҳони маънавии туркман" навишт, ки он ба анъанаҳои халқи туркман ва маросимҳои миллӣ бахшида шудааст. Дар ин бора расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд. Дар китоб зебогии ҳаёт, саодати дунёӣ, ҷовидонагии ҳаёт, эътибори илму маърифат дар рушди ҷомеа, усулҳои ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозӣ ва ҳамчунин анъанаҳои ахлоқӣ ва ваҳдат тасвир шудааст. "Китоби нав барои нашр ирсол шуда, "туҳфаи эҷодӣ"-и президент дар Рӯзи... Читать дальше...

ВКД садамаеро шарҳ дод, ки дар он овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ ҷон бохт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баҳром Ғафурӣ, аз сарояндаҳои машҳури эстрадаи тоҷик дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ҳодиса соати 4-и субҳи 7-уми август дар наздикиҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар - Баҳодур Зарипов ва Ислом Анварзода бо ҷароҳатҳо ба бемористони Қаряи Боло интиқол дода шуданд.  Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ронандаи "Ландкрузер-200" Ислом Анварзода муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ буда... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Линетт сыграет против Соболенко во втором круге турнира WTA в Мадриде






Никогда не верила в крупные победы: жительница Подмосковья дважды выиграла в «Национальной Лотерее» по миллиону рублей

Жительница Ленинского округа выплатит 2 миллиона рублей за свалку

КДК: Казарцев правильно дал Дуарте жёлтую карточку в матче с ЦСКА

В центре Москвы из реки выловили тело уроженца Коми