Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 28.08.2020

Омодагии мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозӣ бо Узбекистон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев дар Душанбе, инчунин дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Мубориза барои ҷойи дуюм. Сенарияи интихоботи Тоҷикистон комилан маълум шуд?

Ozodi.org 

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Ин ки Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба президентӣ пешниҳод кард, гуё барои ин маърака дигар «интрига» ва муаммоеро боқӣ намонд. Пас, то куҷо гуфтан мумкин аст, ки интихоботи пешорӯи президентии Тоҷикистон аз соли 2013 фарқ дорад ва ё ба он монанд аст? Ҳафт сол пеш, ҳарчанд вазъи умумии иҷтимоӣ аз имрӯз фарқи чандон надошт, бо ин вуҷуд, эҳтимол мерафт, ки се намуди номзадҳо ба сабқат... Читать дальше...

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон 32 нафари дигар ба COVID-19 мубтало шудаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 32 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст. Вазорат рӯзи 28-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки дар умум сар аз рӯзи 30-уми апрел коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8481 нафар сироят кардааст, вале тақрибан 86 дар сади онҳо, ё 7276 кас аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд. Талафот аз COVID-19 ба гуфтаи мақомот 68 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон вазорат гуфтааст, ки 82 нафари дигар дар... Читать дальше...

Ҷанҷол дар назди таваллудхона сабаби дар мошин ба дунё омадани тифл шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Наздикони Дилнозаи Рашидҷон аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гуфтанд, ӯ барои таваллуд 20 километр роҳро тай карда, ба зоишгоҳи шаҳри Кӯлоб рафт, вале азбаски дари бемористонро зуд накушоданд, тифлро дар таксӣ ба дунё овард. Онҳо даъво доранд, ки посбони таваллудхонаи Кӯлоб монеи вуруди мошин ба ҳудуди бемористон шудааст. Посбон мегӯяд, дар бораи зани ҳомила хабар надошт ва дар шароити коронавирус маҷбур буд киву чӣ кора будани онҳоро пурсад. Ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 27-уми август рух додааст. Читать дальше...

Додситонҳои Русия: дар қазияи Навалний нишонаҳои ҷиноят вуҷуд надорад

Ozodi.org 

Додситонҳо дар Русия рӯзи 27 август гуфтанд, ки ҳеҷ нишонаи вуҷуди ҷиноят алайҳи раҳбари мухолифин Алексей Навалнийро намебинанд ва аз табибони олмонӣ дархост карданд, ки гузоришҳои тиббии вазъи сиҳҳатии ӯро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Фаъоли 44-солаи мухолифон ва як мунаққиди шадидлаҳни президенти Русия Владимир Путин ҳоло дар ҳолати комаи сунъӣ дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин мебошад. Ҳафтаи гузашта ӯ ҳангоми парвоз аз шаҳри Томски Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо дар Омск фуруд омада ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд. Читать дальше...



Дар Вена вазъи Беларус баррасӣ мешавад

Ozodi.org 

Дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар Вена рӯзи 28 август роҳҳои дипломатии ҳалли вазъи сиёсии Беларус баррасӣ мешавад. Бахши дуюми ҷаласаи дурӯзаи вазирон дар Берлин бо мавзӯи таҳримҳо идома мекунад. САҲА ҳам қарор аст дар Вена ташкили ҷаласа кунад. ИА аллакай гуфтааст, ки барои таҳрими 15 то 20 мақоми дастдошта дар тақаллуби интихоботи президентии рӯзи 9 августи Беларус розӣ шудааст. Бархе дипломатҳои аврупоӣ ба ҷорӣ кардани тадбирҳои сангинтаре даъват мекунанд.

Журналистони боздоштшуда дар Минск барои ширкат дар эътирозҳои ғайриқонунӣ гумонбар мешаванд

Ozodi.org 

Яке аз шаш журналисти боздоштшудаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки шоми 27 август эътирозҳои Минскро пӯшиш медоданд, барои ширкат дар намоишҳои ғайриқонунии эътирозӣ муттаҳам мешавад. Ин нафар яке аз 35 журналист ва дар маҷмӯъ 260 нафар аст, ки ба иттилои маркази “Весна” шоми 27 август боздошт шудааст. Андрей Ярошевич, ки наворбардори фрилансери ТВ “Настоящее время” мебошад, дар муқобили парвандаи маъмурӣ қарор гирифтааст ва қазияи ӯ метавонад бо ҷаримабандӣ ваё ҳабси воқеӣ анҷом ёбад. Парвандаи... Читать дальше...

Дар Беларус даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистон боздошт шуданд

Ozodi.org 

Дар рӯзи 19-уми коршиканиҳову эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус мақомот дар шаҳри Минск даҳҳо эътирозгар ва журналистонро боздошт карданд. Дар маҷмӯъ 35 хабарнигоре, ки эътирозҳои мардумиро пайгирӣ мекарданд, боздошт шуданд. Маркази ҳуқуқи башари “Весна” гуфт, шоми 27 август дар майдони Озодии Минск, замоне, ки ба пӯшиши хабарии эътирозҳои мардумӣ бо даъват ба истеъфои президент Александр Лукашенко омодагӣ медиданд, 17 журналист боздошт шуданд.  Вазорати дохилӣ гуфт, ки журналистонро... Читать дальше...

Номаи сокинони Ишкошим ба президент дар бораи тағйири номи Шитхарв ба Вахон

Ozodi.org 

Сокинони ноҳияи Ишкошим ва водии Вахони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар номаи саркушодае аз президенти Тоҷикистон хостанд, ки тасмими ба ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим додани номи «Вахон»-ро бозбинӣ бикунанд. Дар номаи саркушоди сокинони ноҳия ба Эмомалӣ Раҳмон, ки як нусхааш рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ ҳам дастрас шуд, гуфта мешавад, ки беш аз 2500 сокини деҳоти ноҳияи Ишкошим “дар чанд маҷлиси ҳузурӣ ва онлайнии сокинони бурунмарзии водии Вахони ноҳияи Ишкошим” ба қароре расиданд... Читать дальше...

Зиндагӣ баъди халосӣ аз коронавируси нав чӣ гуна аст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти чанд моҳ аз пандемияи коронавирус, пизишкон саъй доранд, маълум намоянд, ки бадани беморон ба вирус чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд. Стивен Донелсон аз Амрико чанде пеш ва баъди муолиҷаи дароз дар шифохона аз COVID-19 халос шуд, вале ҳанӯз ҳам бо оқибатҳои бади сирояти вирус мубориза мебарад. Ӯро пас аз 13 ҳафтаи муолиҷа дар шифохонаи Даллас ба хона ҷавоб доданд ва онҷо ҳамсояҳо пешвозаш гирифтанд. Донелсон мегӯяд, “дар воқеъ, шояд инҷо набудам, бисёр хиҷолат мекашам.” Вале муборизаи ӯ бо вирус тамом нашудааст. Читать дальше...

Трамп демократҳову Байденро “таҳдид ба ормонҳои амрикоӣ” номид

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп дар лаҳзаҳое, ки пешбарии номзадиаш ба даври дуюми интихоботи президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ҷараён дошт, демократҳову Ҷо Байден – рақиби интихоботиашро “чапгароҳои тундрав” ва “таҳдид ба ормонҳои амрикоӣ” номид. Трамп, ки шоми 27 август дар беруни Кохи Сафед дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ сӯҳбат мекард, гуфт, ки Байден, агар интихоб шуд, “бузургии Амрикоро нобуд мекунад”. Трамп гуфт, ки давоми чор соли охир маъмурияти президент бо поккории харобкориҳое, ки Байден роҳ дод, машғул буд. Читать дальше...

Абе аз мардуми Ҷопон узр хост

Ozodi.org 

Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, ки дарозмуддат дар ин мақом ифои вазифа кардааст, бо сабабҳои сиҳҳатӣ аз мақомаш канор меравад.  Абе рӯзи 28 август гуфт, моҳи июл эҳсос кард, ки хаста шудааст  ва баъди он ки моҳи август ду дафъа ба беморхона интиқол ёфт, табибон сангинтар шудани илтиҳоби рӯдаашро тасдиқ карданд.  Дар изҳороти худ Абе дар муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷопон гуфт, аз он ки натавонист масъулиятҳои худро дар мақоми нахуствазирӣ иҷро бикунад, узр мехоҳад. Ӯ гуфт, “Ман бояд бо беморӣ мубориза барам ва табобат кунам. Читать дальше...

Новости России
Москва

Лучшей певицей жанра поп-опера по версии премии WOMAN AWARD стала Натали Орли


"Канӣ нангу номуси мардӣ, мусулмонӣ, тоҷикӣ?"

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи бераҳмӣ ба кӯдакон суҳбат мекунем ва дар бораи ҷазо гирифтани падаре, ки тифлонашро азоб медод ва дар видео сабт карда ба модарашон мефиристод. Додгоҳи Хуҷанд гуфт, ки Фирдавс Иномзодаро барои муносибати бераҳмона ба ду фарзандаш ҳафтаи гузашта ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Зиндагӣ баъди халосӣ аз коронавирус чӣ гуна аст?

Ozodi.org 

Бо гузашти чанд моҳ аз пандемияи коронавирус, табибон саъй доранд, маълум намоянд, ки бадани беморон ба вирус чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд. Стивен Донелсон, аз Амрико, чанде пешаз COVID-19 халос шуд, вале бо оқибатҳои бади сирояти вирус мубориза мебарад. Гузориши Мариамо Диалло аз Садои Амрико.

Се дастаи пешсаф барои медалҳои қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон талош дорад

Ozodi.org 

Натоиҷи бозиҳои даврҳои 13-ум ва 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона ба мавқеи пешсафон дар ҷадвал тағйирот ворид накард. Дастаҳои пешсаф -  «Хатлон» (Бохтар), «Зебонисо» (Душанбе) ва «Зебо» (Дӯстӣ), ки дар ҳарду даври ахир шашимтиёзӣ ба даст оварданд, муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд. “Хатлон” дар даври 13-ум дар меҳмонӣ “Чашма”-и Шаҳритусро бо ҳисоби 18:0 ва дар даври 14-ум дар майдони худ “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. “Зебонисо”... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ба Убайдуллоев нишони Ситораи Президент дараҷаи як дод

Ozodi.org 

Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори пешини шаҳри Душанбе бо нишони Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1 қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора рӯзи 28-уми август дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Нишони Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1 баландтарин мукофоти давлатӣ дар Тоҷикистон баъд аз унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз соли 1996 то январи соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2000 то 2020 раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Виктория Азаренко

Азаренко не смогла пробиться в 1/8 финала турнира в Мадриде, уступив Соррибес-Тормо






Ещё один гражданин Таджикистана. Суд арестовал 12-го фигуранта дела о теракте в «Крокусе»

Можно ли самостоятельно продезинфицировать квартиру

Жители Подмосковья смогут зарегистрировать дачи в праздники

Груднички психоневрологического отделения МОЦОМД посетили плавательный бассейн