Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 11.08.2020

Ахбори Озодӣ аз 11-уми августи соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Вазири нақлиёти Тоҷикистон қасд ба ҷонаш кардааст, номзади мухолифини Беларус баъди эълони натиҷаи интихоботи президентӣ кишварро тарк кард, марди 46-сола мехост духтари 12-соларо ба никоҳаш дарорад ва матолиби дигар.



Дар Беларус ба корпартоии саросарӣ даъват карданд

Ozodi.org 

Коргарони корхонаи дастгоҳҳои барқии ба номи Козлов дар Беларус корпартоӣ карданд. Дар ин бора саҳифаи Nexta дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Пештар аз ин дар Беларус аз ҳамаи корхонаҳо даъват шуд, ки аз 11-уми август корпартоии бемуҳлат эълом кунанд. Ҳадаф аз ин корпартоӣ - "эътирофи Светлана Тихановская ҳамчун президенти нав, озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ, баргузории интихоботи нав" унвон шудааст. "Ҳеч тағйироти сиёсиву иқтисодӣ дар ояндаи наздик дар нақша нест. Мо аз таҳаммули ҳамаи ин... Читать дальше...

Мақомоти Фарғона гуфтанд, ки ба "мавҷи дувум"-и беморӣ омода мешаванд

Ozodi.org 

Вилояти Фарғона ба мавҷи дувуми бемории COVID-19 омодагӣ мебинад. Дар ин вилояти Узбекистон беш аз 12 ҳазор кат барои гирифторони эҳтимолӣ омода шудааст. Мақомоти он вилоят хабар доданд, ки 500 дастгоҳи нафасдиҳӣ ва 5 ҳазор дастгоҳи набзсанҷ ба вилоят оварда шудааст. "Беморхонаҳо бо захираҳои дастгоҳҳову доруҳо таъмин мешаванд. Барои захираи дору 975 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Бо 300 ҳазор доллар аз Чин дастгоҳи нафасдиҳӣ ва набзсанҷ харида шуд", - омадааст дар хабари мақомоти он вилоят.

Дар Арманистон дарсҳо моҳи оянда оғоз мешаванд

Ozodi.org 

Баъди бастани мактабҳо дар моҳи март, Арманистон эълон кард, ки аз рӯзи 15-уми сентябр дигарбора дари муассисаҳои таълимиро боз мекунад. Дар ин бора Арайик Ҳарутуниён, вазири маориф рӯзи 10-уми август баъди гуфтугу бо мақомоти ситоди мубориза бо бемории COVID-19 эълон дод. Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи мактабҳо, дар омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои махсус ҳам дарс рӯзи 15-уми сентябр оғоз меёбад, вале қарор дар бораи донишгоҳҳоро ҳафтаи оянда қабул мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, тамоми меъёрҳои беҳдоштие, ки ҳукумат муқаррар кардааст, бояд риоят шавад. Читать дальше...

Як нафарро дар назди Кохи Сафед маҷруҳ карданд

Ozodi.org 

Як маъмури Хадамоти амниятии раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 10-уми август, як мардеро дар назди Кохи Сафед бо зарби тири туфанг маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Амрико ин мард бо аслиҳа ба афсар наздик шуда, силоҳашро берун кашидааст. Хадамоти амниятии Амрико гуфт, ки марди 51-соларо аз баданаш маҷруҳ кардаанд ва у дар шифохона муолиҷа мегирад. Доир ба вазъи сиҳатии ин мард чизе нагуфтаанд. Ҳодиса сабаб шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро аз нишасти хабарӣ дар бораи коронавирус барои муддати кӯтоҳе берун баранд... Читать дальше...

Идомаи эътирозҳои пас аз интихобот дар Беларус. АКС

Ozodi.org 

Шоми 10-уми август дар шаҳри Минск пулис ва дигар мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон рӯёрӯйӣ карданд. Эътирозгарон бовар доранд, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба фоидаи президенти амалкунанда Александр Лукашенко дасткорӣ шудаанд. Як ширкатдори эътирозҳои Минск шоми душанбе кушта шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Беларус хабар дод. Аксҳо аз эътирози шаби дувумро дар ин ҷо бинед:  Ба иттилои ВКД, эътирозгарон дар назди истгоҳи метрои "Пушкин" сангар сохтанд. Расонаҳои Беларус ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд... Читать дальше...

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 аз 20 миллион ҳам гузашт

Ozodi.org 

Теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳам гузашт ва хабари дигари шуме аз пандемияи 5-моҳаи коронавирус аст, ки то ҳол бештар аз 750 ҳазор нафарро куштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар бемор шудаанд, ки зиёдтар аз ҳар кишвари дунёст. Беморӣ дар инҷо ба 163 ҳазор нафарро ҳалок кардааст. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, аз назари сироят Бразилия бо 3 миллион бемор ва Ҳинд бо бештар аз 2.2 миллион гирифтор дар мақомҳои дуввуму саввум ҳастанд. Читать дальше...

Вазирони Олмону Русия дар бораи лӯлаи нав газ гуфтугу мекунанд

Ozodi.org 

Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон имрӯз бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав мулоқот мекунад ва тарҳи бунёди лӯлаи гази Маҷрои шимолӣ – 2 мавзуи суҳбат аст. Ин лӯлаи газ, ки аз зери Баҳри Сиёҳ мегузарад, содироти гази русӣ ба ин Олмонро ду баробар зиёд мекунад. Лӯла, ки бидуни убури қаламрави Украина ба Олмон мерасад, Украинаро аз миллиардҳо доллар ҳаққи транзити гази русӣ маҳрум мекунад. Амрико мухолифи деринаи бунёди лӯла мегӯяд, ки Маҷрои шимолӣ-2 бо сахт пойбанд кардани Олмон ба гази Русия, амнияти Аврупоро зери хатар мегузорад. Читать дальше...

Вазири нақлиёти Тоҷикистон қасди худкушӣ кардааст

Ozodi.org 

Бино ба хабари мақомоти расмӣ, Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, қасди худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ӯро наҷот додаанд ва ӯ баъд аз ҷарроҳӣ дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст.

Светлана Тихановская ба Литва рафтааст

Ozodi.org 

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Беларус ба Литва рафта ва сиҳату саломат будааст. Дар ин бора Линас Линкевичус, вазири умури хориҷии Литва рӯзи 11-уми август дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Ӯ баъдан ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “Ӯ ба Литва омад ва солим аст.” Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Беларус баъд аз интихобот: Чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Мақомоти Беларус бо эълони натиҷаҳои интихоботи 9-уми август ба ҷойи он ки ба маъракаи сиёсӣ нуқта гузоранд, боис ба эътирози бахше аз мардум шуданд. Дар ин саҳифа мебинем, ки баъд аз интихобот дар Беларус чӣ мегузарад?

Новости России
Москва

Подмосковные проекты победили в Международном профессиональном конкурсе НОПРИЗ на лучший проект – 2023


Мусовии пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар даври панҷум

Ozodi.org 

Бозии марказии даври панҷуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои пешсафи мусобиқа - «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе - бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии пешсафон - “Сипар” ва “Сорокомпания”, ки 8-уми август дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и Хуҷанд доир гардид, ба голи легионери гурҷӣ Вахтанг Кекелия бозигари мизбонон Дилшод Саломов бо зарбаи нишонрас аз дабл-пеналтӣ посух дод. Дар бозии дигари даври... Читать дальше...

Ду бародарро дар Туркманистон барои эътиқодашон бори дувум зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Бародарон Сабуровҳо дар Туркманистон, ки пайрави Шоҳидони Яҳво ҳастанд, бори дувум бо айни як айб зиндонӣ шуданд. Дар ин бора намояндаи созмони Шоҳидони Яҳво Ҷаррод Лопес хабар дод. Ба гуфтаи вай, додгоҳе дар Туркманистон рӯзи 6 август Элдор Сабурови 21-сола ва Санҷарбек Сабурови 25-соларо дусолӣ зиндонӣ кард. Ин ду бародар барои саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ зиндонӣ шуданд. Бародарон ба далели боварҳои мазҳабиашон намехоҳанд, сарбоз шаванд. Ба навиштаи созмони Шоҳидони Яҳво, дар Туркманистон... Читать дальше...

Додгоҳи Бишкек хабарнигори узбекистониро як моҳ ҳабс кард

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоевро то 8 сентябр ба ҳабс гирифт. Тимур Султонов, вакили мудофеи Абдуллоев гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест. "Мо, вакилони мудофеъ бар ин назарем, ки қарори додгоҳ ғайриқонунӣ ва беасос аст. Аз ҳамин хотер ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят мебарем", - гуфт вай. Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8 август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд. Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор... Читать дальше...

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо: дар чорякфинал кӣ, кай ва бо кӣ бозӣ мекунад?

Ozodi.org 

Иштироккунандагони чорякфинали мавсими футболи 2019/2020 муайян шуданд. Бозиҳои чорякниҳоӣ аз 12-ум то 15-уми август дар Лиссабони Португалия баргузор мешаванд. Дар чорякфинал “Лион”-и Фаронса бо “Манчестер Сити”-и Англия, “Лейпсиг”-и Олмон бо “Атлетико”-и Испания, “Барселона”-и Каталон бо “Бавария”-и Олмон, “Аталанта”-и Италия бо “ПСЖ”-и Фаронса бозӣ мекунанд. Аз марҳилаи чорякниҳоӣ сар карда, бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо дар Лиссабон баргузор мешаванд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 18-19-уми август дар шакли якдафъаина доир мегарданд. Читать дальше...

Дар Қазоқистон бештар аз 2,2 млн кас кӯмаки давлатӣ дарёфт карданд

Ozodi.org 

Бештар аз 2,2 миллион қазоқистонӣ дар робита ба тамдиди муҳлати карантин дар ҳаҷми 50 доллари ИМА кӯмаки якдафъаинаи давлатӣ дарёфт карданд. Дар ин бора рӯзи 10 август аз ҳукумати Қазоқистон хабар доданд. То рӯзи 10 август 2,5 миллион шаҳрванд барои дарёфти кӯмак дар ҳаҷми 100 доллари ИМА ариза додаанд. Ин ҳаҷми кӯмакро ҳукумати Қазоқистон дар робита ба аз даст додани даромади сокинон дар пайи эъломи карантин ваъда дода буд. Мақомот гуфтанд, қабули дархостҳо барои дарёфти кӯмак то моҳи сентябр идома мекунад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Кто отец Дианы Джокович?






В Люберцах проверили качество питания в столовой гимназии

Путешествуем с детьми

Дом в 1,5 тысячи «квадратов» и не только: что Иванов приобрел за карьеру в Минобороны РФ

Почти 300 жителей Королева обратились с вопросами на «Выездной Администрации»