Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 30.08.2020

Боздошти даҳҳо эътирозгар дар Белорус

Ozodi.org 

Пулиси Белорус даҳҳо нафарро, ки зидди Александр Лукашенко дар пойтахти кишвар эътироз мекарданд, боздошт кард. Ҳазорон нафар рӯзи 30-уми август ба сӯи “Майдони истиқлол” ҳаракат карданд. Ин майдонро нерӯҳои интизомӣ иҳота карда буд. Пулис ва нерӯҳои ОМОН аз вуруди эътирозгарон ҷилавгирӣ карданд ва теъдоде аз онҳоро боздошт намуданд. 22 рӯз боз сокинони норозӣ аз натиҷаҳои интихобот дар Белорус корпартоӣ ва эътироз мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Белорус ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар... Читать дальше...

Ҷустуҷӯи қурбониёни обхезӣ дар Афғонистон ва Покистон

Ozodi.org 

Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи қурбониёни обхезиҳои шадид, ки дар Афғонистон ва Покистон садҳо нафарро куштааст, давом медиҳанд. Мақомоти Афғонистон рӯзи 29-уми август гуфтанд, ки 160 нафар дар 13 вилоят дар шимоли кишвар дар обхезиҳо кушта шудаанд. Дар ҷануби Покистон қурбониёни селро то кунун 96 нафар ҳисоб кардаанд. Тақрибан 2 миллион аҳолии шаҳри Қарочии Покистон аз сел зарар дидаанд ва аксари минтақаҳо ҳанӯз зери обанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки низомиёнро барои кӯмак сафарбар кардаанд. Читать дальше...

Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 25 миллион нафар гузашт

Ozodi.org 

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон рӯзи 30-уми август аз 25 миллион гузашт. Дар Ҳиндустон, ки дуюмин кишвари сераҳолитарини дунё маҳсуб меёбад, ҳисобҳои рекордӣ сабт шудааст. Бар асоси иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс теъдоди фавтидагон ба беш аз 840 ҳазор нафар расидааст. Дар 24 соати рӯзи гузашта дар Ҳиндустон беш аз 78 ҳазор нафар ҳамчун гирифтори коронавирус сабт шудааст. Ҳиндустон, сеюмин кишвар пас аз ИМА ва Бразилия аст, ки аз ҳама бештар гирифторони коронавирус сабт мешаванд. Ин кишварҳо ваъда додаанд... Читать дальше...

Сафари Доналд Трамп ба шаҳре, ки сокинонаш эътироз карданд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА тасмим дорад, ба шаҳри Кеношаи аёлати Висконсин сафар кунад. Дар ин шаҳр як ҳафта пеш Ҷейкоб Блейки 29 сола, амрикоии африқоитабор аз тири пулис кушта шуд ва ин мавҷи эътирозҳоро ба бор овард. Кохи Сафед эълон кард, ки Трамп рӯзи 1-уми сентябр ба ин шаҳр сафар карда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мулоқот менамояд ва зарари расида аз ошубро таҳқиқ мекунад. Трамп гуфтааст, ки тасмими ӯ барои фиристодани сарбозони Гвардияи миллӣ кори дуруст буд ва ин ба фурӯ нишондани хушунатҳо мусоидат кардааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






Нижний Новгород может стать городом, где выступят певцы «Новой «Фабрики звёзд»

Володин: Финляндия наказала своих граждан закрытием КПП на границе с Россией

«Деньги обесценятся уже точно»: эксперт назвал сроки обвала сбережений

Куда отправиться на майские: топ-6 направлений для россиян без загранника и визы