Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 19.08.2020

Узбекистон иттилоъро дар бораи қурбониёни савдои одамон махфӣ кард

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 17-уми август қонун "Дар бораи мубориза ба зидди фурӯши одамон"-ро имзо кард. Бино ба ин қонун, иттилоъ дар бораи қурбониёни фурӯши одамон махфӣ нигаҳ дошта мешавад.

Шумораи беморони "илтиҳоби монанд ба коронавирус" дар Қазоқистон афзудааст

Ozodi.org 

Сухангӯи Вазорати тандурустии Қазоқистон Бағдод Коҷахметов гуфт, афзоиши "илтиҳоби монанд ба коронавирус" ба он марбут аст, ки шумори ҳарчи бештари сокинон ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд.

Қирғизистон талош дорад теъдоди воқеии гирифторон ба КОВИД-19-ро дақиқ кунад

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз муҳаққиқони Вазорати тандурустии Қирғизистон талош доранд, ки шумори воқеии гирифторони бемории COVID-19-ро муайян кунанд. Дар ҳамин ҳол, маълум шудааст, ки аллакай 17 ҳазор қирғизистонӣ аз ташхиси коронавирус гузаштаанд. Дар нишасти хабарии рӯзи 11-уми август Қубатбек Боронов, сарвазири Қирғизистон гуфт, дар кишвар барои ошкор кардани шумори гирифторони коронавирус мушоҳидаи илмӣ шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мутахассисон бар асоси алгоритмҳои муайян, афроди сироятёфта ва муолиҷашударо ҳисоб мекунанд. Читать дальше...



Қирғизистон бо Тоҷикистону Узбекистон гуфтугӯи марзӣ анҷом медиҳад

Ozodi.org 

Ноиб-сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров рӯзи 18 август гуфт, ки кишвараш бо Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи ноиб-сарвазирон масъалаи марзро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои марзӣ мақомоти маҳаллӣ бо мақомоти амниятӣ миёни сокинон кор мебаранд. Президенти Қирғизистон Сооробой Ҷеенбеков азсаргирии кори комисияҳои байнидавлатиро оид ба муайянсозӣ ва аломатгузории марз дар шароити вабои коронавирус муҳим арзёбӣ карда, аз ҳукумати кишвараш хост, ки барномаи рушди вилояти Бодкандро маблағгузорӣ кунад. Читать дальше...

ЮНИСЕФ аз Узбекистон хост, мактабҳоро бо обу собун таъмин намояд

Ozodi.org 

ЮНИСЕФ аз ҳукумати Узбекистон даъват кард, ки то оғози соли таҳсил шароити беҳдоштии мактабҳоро таъмин намояд. Бино ба гузориши ЮНИСЕФ, 13 дарсади мактабҳои Узбекистон барои шустани даст обу собун надоранд. Бино ба гузориши ин созмон, басташавии мактабҳои дар Узбекистон ба таҳсили бештар аз 8 миллион хонанда таъсир расонидааст. ЮНИСЕФ гуфт, раванди марҳила ба марҳила боз кардани мактабҳо бояд таъмини бехатариро ҳам ба эътибор гирад. "Пеш аз боз кардани мактабҳо бояд ба назар гирифт, ки ҳамаи шароити беҳдоштӣ таъмин бошад"... Читать дальше...

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Иморот мавқуф гузошта шуд

Ozodi.org 

Бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки 6-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳиш кардааст, ки бозии дӯстона аз 6-уми сентябр ба моҳи октябр ё ноябр гузаронида шавад. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр аз ду бозии дӯстона якеашро баргузор мекунад. Футболбозони... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 19-уми августи соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Тақозои таҳқиқ ва муҷозоти масъулони куштори ҷавоне дар шаҳри Душанбе, истеъфои Президенти Малт дар зери фишори низомиён, талош барои аз байн бурдани бойкоти пахтаи Узбекистон, қонуни кори рӯзноманигорон дар Қазоқистон ва матолиби дигар.

Худоёр Худоёрзода гуфт, саломатиаш хуб аст, аммо ҳарфи ниҳоиро табибон мегӯянд

Ozodi.org 

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ҳашт рӯз пеш бо захми корд дар бемористон бистарӣ шуд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳолаш хуб аст, аммо ҳанӯз зери назорати пизишкон қарор дорад.

Дар мушакборони Кобул се нафар кушта шудаанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи мушакборон ба як маҳаллаи аҳолинишин ва қароргоҳҳои дипломатӣ дар аввали ҳафта се нафар ҳалок ва 16 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон рузи 19-уми август бо нашри ин хабар гуфт, ки дар умум рӯзи 19-уми август ба маркази Кобул 14 мушак андохтаанд. Ҳамла рӯзи таҷлили 101-умин солгарди истиқлоли Афғонистон сурат гирифт. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорат гуфт, дар миёни қурбониёни ҳамла ду нафарашон кормандони давлат будаанд. Хабаргузории “Франс Пресс” навиштааст,... Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо вазъи Беларусро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми август дар як ҷаласаи изтирории онлайнӣ вазъи сиёсии Беларусро баррасӣ мекунанд. Дар ҷойи дигар мухолифони давлат саъй доранд, бо ташкили шӯрои ҳамоҳангсозе роҳ барои интиқоли қудратро ҳамвор кунанд. Иттиҳодияи Аврупо бо изтироб ба таҳаввулоти Беларус нигаҳ мекард, ки дар он фишор ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳур меафзояд. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 9-уми август Александр Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, вале баъди ин мардуми зиёде бо ин гуфта... Читать дальше...

Новости России
Москва

Спецвыпуск журнала «Стратегии развития» посвященный героям Великой Отечественной войны и Специальной военной операции


Давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуд: киҳо ба майдон мебароянд?

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи "Истиқлол" бар дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби калони 4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи "Истиқлол" бо дастаи "Хуҷанд" 11 холро ташкил дод

"Пари Сен-Жермен" бори аввал ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад

Ozodi.org 

Дастаи “ПСЖ” («Пари Сен-Жермен»)-и Фаронса, ки 18-уми август дар бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими футболи 2019/2020 бар “Лейпсиг”-и Олмон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бори аввал ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард. Лигаи қаҳрамонҳо. 1/2 финал. "РБ Лейпсиг" - "ПСЖ" - 0:3 (0:2) Голҳо: Маркинос, 13 (0 : 1); Ди Мария, 42 (0 : 2); Бернат, 56 (0 : 3)   "РБ Лейпсиг": Гулачи; Анхелино; Упамекано; Мукел; Клостерман (Орбан В., 83); Олмо (Форсберг, 46); Нкунку (Шик, 46); Лаймер (Халстенберг... Читать дальше...

Ҷо Байден расман номзади интихоботи президентии Амрико шуд

Ozodi.org 

Ҳизби демократи Амрико Ҷо Байденро ба таври расмӣ номзади  интихоботи президентии моҳи ноябр дар он кишвар пешниҳод кард. Муаррифии расмии оқои Байден дар дувумин шаби гирдиҳамоии миллӣ ва онлайнии Ҳизби демократ сурат гирифт. Дар ин ҳамоишҳо, шуморе аз чеҳраҳо ва сиёсатмадороне ширкат доштанд, ки ҳамаи онҳо узви Ҳизби демократ набуданд. Эъломи расмии оқои Байден ба унвони номзади Ҳизби демократ албатта танҳо аз як маросими рамзӣ буд. Зеро ӯ моҳҳо пеш тавониста буд орои лозимро барои номзадӣ... Читать дальше...

"Равшан" барои роҳхат ба Лигаи олӣ мубориза мебарад

Ozodi.org 

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ду даври охир бар ҳарифонаш пирӯз шуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард. “Равшан”, ки дар 9 бозӣ 24 имтиёз гирифтааст, ду давр пеш ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардид. “Равшан” дар даври ҳаштум дар меҳмонӣ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 4:1 ва дар даври нӯҳум дар майдони худ “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Ба ин тартиб, “Равшан” барои ба Лигаи олӣ баромадан мубориза мебарад. “Эсхата”-и... Читать дальше...

HRW аз Қазоқистон хост, кумаки сокинон дар давраи коронавирусро идома диҳад

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ Human Rights Watch (HRW) аз ҳукумати Қазоқистон даъват кард, ба хотири пешгирӣ аз афзоиши фақр кумаки иқтисодӣ ба шаҳрвандонеро бештар кунад, ки дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус осеб дидаанд. Дар гузориши созмон аз 18 август омада, ки “ҳамагиршавии коронавирус нобаробариро дар Қазоқистон амиқтар карда, заиф будани низоми миллии ҳифзи иҷтимоии ин кишварро ба намоиш гузошт”. Қазоқистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар давраи коронавирус ба сокинон кумаки молӣ мерасонад. Читать дальше...

Дар Минск Шӯрои интиқоли қудрат таъсис ёфт

Ozodi.org 

Дар ситоди номзад ба мақоми президентии Беларус Виктор Бабарико 18 август ба рӯзноманигорон "Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат" муаррифӣ шуд. Намояндагони даҳҳо расонаи хориҷӣ ва беларусӣ аз ҷонибдори номзад ба мақоми президентии Беларус Светлана Тихановская - Мария Колесникова, шахси боэътимоди Тихановская - Олга Ковалкова, ҳуқуқшиноси ситоди Бабарико - Максим Знак, раҳбари кумитаи корпартоӣ дар Корхонаи тракторсозии Минск Сергей Дилевский ба суолҳои худ посух гирифтанд. Нахустин ҷаласаи кории ин шӯро... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Кто отец Дианы Джокович?






Полиция проверит задержки возврата денег клиентам криптобиржи Beribit

В Москве раскрыли убийство девушки, произошедшее 12 лет назад

В посольстве России назвали условие возврата к переговорам с Индонезией о Су-35

Руководитель ГУСТ Подмосковья Аипова провела прием граждан