Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 13.08.2020

Эъломияи дороии мансабдорон нав шуд. Кӣ чӣ қадар аспу гӯсфанд дорад?

Ozodi.org 

Мансабдорони Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз ин ба баъд дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомот гузориш диҳанд. Қаблан қонунҳои Тоҷикистон аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо)-ро талаб мекард.

Маросими видоъ ва дафни Гулназар дар Душанбе

Ozodi.org 

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.

Президент хостори "тоза" кардани додгоҳҳо ва додситониҳо аз афроди "тасодуфӣ" шуд

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба қонуншиканӣ ва ба коррупсия даст задани бархе аз кормандони додситонӣ ва додгоҳҳо ишора карда, аз раиси Додгоҳи олӣ ва Додситони кулл талаб кардааст, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ, ин ниҳодҳоро "аз афроди тасодуфӣ тоза" намоянд.  "Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед",-гуфтааст оқои Раҳмон рӯзи 13-уми август дар мулоқот бо афроде, ки дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм мақоми нав гирифтанд. Читать дальше...

HRW аз Қирғизистон хост, "Қора Мерган"-ро ба Узбекистон надиҳад

Ozodi.org 

Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Қирғизистон хост, Бобомурод Абдуллоев, хабарнигори узбекро ба Тошканд истирдод накунад. Ӯро рӯзи 9-уми август бо дархости мақомоти Узбекистон дар Бишкек дастгир карданд.

Ахбори Озодӣ аз 13-уми августи соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Кишварҳои муштаракулманофеъ имкони эҳёи рафтуомади ҳавоиро баҳс мекунанд, мақомдори амрикоӣ таъқиби эътирозҳои Беларусро маҳкум кард, омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.



Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистонро ба хок супурданд. Президент таслият гуфт. АКС

Ozodi.org 

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.

Мардуми бумии шимоли Русия раҳпаймоӣ карданд

Ozodi.org 

Намояндагони мардуми бумӣ дар нимҷазираи Таймур дар шимоли Русия ба зидди фаъолиятҳои Норникел, бузургтарин тавлидкунандаи палладиум ва никел дар ҷаҳон эътироз карданд. Даҳҳо нафар аз намояндагони қавмҳои ненетс, нганас, долган ва энетсҳо рӯзи 12-уми август бо либосҳои суннатӣ дар бар шаҳри Норилск раҳпаймоӣ карданд. Онҳо мегуфтанд, ки мақомоти расмӣ ва ширкатҳои бузург ба мисли Норникел ҳуқуқи онҳоро зери по мекунанд. Рӯзи 29-уми май тақрибан 21 ҳазор тонна маводи сӯхт аз як анбори нерӯгоҳи барқи... Читать дальше...

Модари рӯзноманигор аз Шавкат Мирзиёев кумак хост

Ozodi.org 

Модари Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори боздоштшудаи узбек дар шаҳри Бишкек дар муроҷиати худ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, писарашро бо "туҳмати душманон" дастгир кардаанд ва танҳо президент метавонад, ба онҳо кумак кунад.

Амрико нерӯҳои Эронро ба боздошти як киштӣ дар Халиҷи Форс муттаҳам кард

Ozodi.org 

Ситоди Фармондеҳии Марказии Артиши Амрико аз иқдоми нерӯҳои эронӣ барои боздошти як киштӣ бо номи "Вила", хабар дод. Хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишт, ки Эрон ин киштиро дар ниҳоят озод кардааст.

Се кишвари дигар аз созиш барои хариди ваксина хабар доданд

Ozodi.org 

Бразилия, Аргентина ва Мексика, ки аз коронавируси нав осеби зиёд дидаанд, эълон карданд, ки барои дастрасӣ ба ваксинаҳои эҳтимолӣ ба зидди коронавируси нав чанд қарордод бастаанд. Иёлати Парана дар Бразилия гуфт, рӯзи 12-уми август бо Русия барои озмоиш ва истеҳсоли ваксинаи наи баҳсбарангез созиш бастааст, ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, ки амн ва коромад будани ваксина бояд собит шавад. Русия таъриф кард, ки Спутник В аввалин ваксина ба зидди коронавирусро тавлид кардааст. Мутахассисони тиббӣ ҳушдор додаанд... Читать дальше...

Новости России
Москва

“Вилла Ливадия” - последние 6 апартаментов в уникальном комплексе у моря


Рӯзноманигори қирғиз барои як навиштааш дар Фейсбук ба бозпурсӣ даъват шуд

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Айданбек Акматов рӯзи 11-уми август барои як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи нуфузи олигархҳо ба сиёсати Қирғизистон ба Вазорати умури дохилии ин кишвар даъват шуд.

Дар Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис дода шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд

Идомаи эътирозҳо ба пируз эълон шудани Лукашенко дар интихобот

Ozodi.org 

Дар Беларус чоршанбе низ эътирозҳои худҷӯш идома ёфтанд. Эътирозҳо дар ин кишвар 9 август, баъди эъломи натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ оғоз шуданд. Иштирокдорони эътирозҳо мегӯянд, мақомот бо сохтакорӣ дар интихобот Александр Лукашенкоро дубора баранда эълом карданд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Беларус, Лукашенко беш аз 80 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Эътирозгарон дар назди истгоҳи "Петровшина" барои чанд дақиқа ба роҳи мошингард баромада, дар минтақаи маъруф ба "Макдоналдс" онро бастанд. Читать дальше...

Дар Туркманистон сокинони деҳаҳо барои хариди нон ба шаҳр мераванд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон сокинони деҳаҳо маҷбур ҳастанд, ки барои харидории нону шакар ба шаҳр раванд. Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, вазъи ҳамсон дар ин кишвар бори охир ибтидои солҳои 90-ум мушоҳида шуда буд. Норасоии нон дар Туркманистон дар ҳолест, ки мақомоти он кишвар мегӯянд, нақшаи давлатии ҷамъоварии гандумро иҷро кардаанд. Хабаргузории расмии Туркманистон охирҳои моҳи июн хабар дод, ки имсол дар ин кишвар 1 миллиону 400 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст. "Сокинони... Читать дальше...

COVID-19 бозиҳои Тоҷикистон бо Муғулистон, Мянмар ва Ҷопонро ба таъхир андохт

Ozodi.org 

Бозиҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон муқобили дастаҳои Муғулистон, Ҷопон ва Мянмар дар доираи марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябри имсол ба нақша гирифта шуда буд, ба соли 2021 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ба далели вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тасмим гирифтанд бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Полина Михайлова

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису






Песков: об ответе на возможное изъятие активов России говорить рано

Замглавы управления по вопросам миграции арестовали в Омской области

Кобелев назвал три клуба, которые претендуют на чемпионство в РПЛ

Игорь Бабушкин встретился с секретарем Генсовета «Единой России» Андреем Турчаком