Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 31.08.2020

Саидҷаъфар Усмонзода: Агар "ҳукуматӣ" мебудем, магар истеъфои вазирро талаб мекардам? ВИДЕО

Ozodi.org 

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва номзади ин ҳизб барои иштирок дар сабқати президентӣ мегӯяд, бо пешниҳодҳои ҷолиб вориди корзори интихоботӣ шудааст. Аз ҷумла Усмонзода мегӯяд, намояндагони ҳама ҳизбҳо дар ҳукумат вазифа гиранд ва баъзе намуд тиҷоратҳо давлатӣ карда шаванд. Суҳбати мо бо Саидҷаъфар Усмонзода аз ширкати дубораи ӯ дар интихоботи президентӣ оғоз гирифт. Радиои Озодӣ: Шумо бори дуввум аст, ки ба ин мақом номзад мешавед. Суоли аввали мо ин аст, ки чаро маҳз бояд Шумо раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон бошед? Читать дальше...

Саидҷаъфар Усмонзода: Агар "ҳукуматӣ" мебудем, магар истеъфои вазирро талаб мекардам?

Ozodi.org 

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва номзади ин ҳизб барои иштирок дар сабқати президентӣ мегӯяд, бо пешниҳодҳои ҷолиб вориди корзори интихоботӣ шудааст. Аз ҷумла Усмонзода мегӯяд, намояндагони ҳама ҳизбҳо дар ҳукумат вазифа гиранд ва баъзе намуд тиҷоратҳо давлатӣ карда шаванд.

Нахустин ҳавопаймои исроилӣ дар Абу Забӣ фуруд омад

Ozodi.org 

Рӯзи 31 август баъди мувофиқаи таърихии се ҳафта пеши байни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб барои оддӣ шудани равобит нахустин ҳавопаймои мустақим дар фурудгоҳи Аб-Забӣ фуруд омад. Дар ҳавопаймои нахустин, ки аз ҷониби ширкати ҳавоии исроилии El Al анҷом шуда, аз шаҳри Тел-Авив парвоз кард, ҳайате аз мақомоти исроиливу амрикоӣ, аз ҷумла, домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер ва мушовири амнияти миллии Исроил Мейр Бен-Шаббат ба Абу Забӣ парвоз карданд. Дар Абу Забӣ мақомот бояд роҳҳои ҳамкории миёни мақомоти Исроил ва Иморотро баррасӣ кунанд. Читать дальше...

Наздикони Ёров аз фишори равонӣ мегӯянд, мақомот рад мекунанд. САДО

Ozodi.org 

Наздикони Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаи тоҷик, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, шикоят доранд, ки маъмурони зиндон маҳбусонро аз муошират бо ӯ манъ кардаанд. Аммо масъулони идораи зиндонҳо, ин шикоятро рад карда мегӯянд, касеро аз муошират бо Бузургмеҳр Ёров таҳрим накардаанд. Бузургмеҳр Ёров соли 2016 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, аммо бар асоси қонуни афв 6 сол аз ҳукми ӯро кам кардаанд. Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маҳбусон ҳушдор додаанд... Читать дальше...



Сафари раиси Сенати Чех ба Тайван мухолифати Чинро ба бор овард

Ozodi.org 

Вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки раиси Сенати Чехия Милош Вистрчил барои сафар ба Тайван ба раҳбарии як ҳайати чехӣ “қимати баланде пардохт хоҳад кард”.   Чин Тайванро як бахше аз қаламрави худ меномад ва талош дорад, ки инро дар дигар нуқоти ҷаҳон ҳам эътироф кунанд.  Жао Лиян, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар нишасти матбуотие дар Пекин гуфт:  “Дар робита бо амали ошкоро таҳрикомези раиси парлумони Ҷумҳурии Чех ва нирӯҳои зиддичиноии дар пушти он қарордошта – ҳукумат ва мардуми Чин ором наменишинанд... Читать дальше...

Ривоятҳои таҷовуз. "Ман ҳам"?

Ozodi.org 

Дар рӯзҳои ахир мавҷи бузурге аз қиссаҳои такондиҳанда ва гоҳ боварнокарданӣ аз озори ҷинсӣ ва таҷовуз ба занон дар Эрон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба миён овард, ки ёдовари ҷунбиши ҷаҳонии "Ман ҳам" (MeToo) мебошад, ки сабаби ифшогариҳои ҷинсии бешумор дар саросари ҷаҳон шуд. Ҷунбиши “Ман ҳам” дар соли 2017 дар расонаҳои иҷтимоӣ ба роҳ афтод. Шумораи зиёде аз занон дар саросари ҷаҳон аз ин унвон барои нишон додани паҳншавии густурдаи таҷовуз ва озори ҷинсӣ ба вижа дар муҳити кор ва маҳкум кардани он, истифода карданд. Читать дальше...

ВКХ Олмон аз Русия хост таҳқиқи қазияи бемории Навалнийро суръат бахшад

Ozodi.org 

Олмон аз Русия даъват кард, ки талошҳо барои таҳқиқи ҷузъиёти заҳролудшавии эҳтимоливу дар беморхонаи Берлин бистарӣ шудани пешвои мухолифон Алексей Навалнийро суръат бахшад.   Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас рӯзи 31 август зимни сӯҳбат бо дипломатҳо дар Париж аз “абрҳои торике” ҳушдор дод, ки ба рӯи равобити Аврупову Маскав соя афканда ба гуфтааш, амнияти минтақаро таҳти хатар қарор додааст. Маас гуфт, “бешубҳа, мо умедворем, ки Русия барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи Навалний аз ҳоло ҳам бештар талош хоҳад кард”. Читать дальше...

Як блогнависи маъруфи рус латукӯб шуд

Ozodi.org 

Дар Маскав як блогнависи маъруфи мунаққиди ҳукумат мавриди ҳамлаву латукӯб қарор гирифт. Егор Жуков баъди ҳамлаи ду нафари ношинос ҳоло дар беморхонае дар наздикии манзилаш бистарӣ аст. Тими Жуков, ки худро як созмони сиёсӣ меномад, дар Фейсбук хабар дод, ки  ҳамла шоми 30 август ва чанд соат баъди он рух дод, ки Жуков дар як барномаи Максим Катс дар YouTube назарашро ба эътирозҳои мардум дар Беларус баён кард. Беларус баъди интихоботи президентии рӯзи 9 август, ки бо пирӯзии президенти амалкунанда Александр Лукашенко анҷомид... Читать дальше...

Ҳизби сотсиал-демократ интихоботи президентиро таҳрим кард

Ozodi.org 

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентии моҳи октябрро таҳрим ё бойкот кард. Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб рӯзи 31-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, "ҲСДТ интихоботи президентии ҶТ аз 11 октябри соли 2020-ро таҳрим мекунад."

Ҷангҷӯён дар Покистон дастикам се низомиро куштанд

Ozodi.org 

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки  дар ҳамлаи ҷангҷӯён ба минтақаи қабиланишини Вазиристони Ҷанубӣ, ки наздик ба марзи Афғонистон аст, дастикам се сарбози покистонӣ кушта шуд. Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки ҳамла дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи рӯзи 30 август  рух дод ва дар  ин ҳодиса инчунин чор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вале раиси полиси ноҳия Шавкат Алӣ шумори кушташудаҳоро чор нафар гуфт. Ҳамла дар минтақаи Ладҳо рух дод. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи мамнӯи “Таҳрики Толибон” ба ӯҳда гирифт ва иддао кард, ки дар ин ҳодиса 11 сарбоз ҷон дод.

Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар паи се ҳафта эътирозҳои мардумии Беларус, қарор аст ҳафтаи ҷорӣ Светлана Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ кунад. Эътирозҳои мардумӣ, ки баъди 9 август шурӯъ шуд, бекор шудани натиҷаҳои интихоботи президентиро тақозо мекунанд, ки ба бовари мухолифон ва фаъолон, ба манфиати президент Александр Лукашенко тақаллуб шудааст. Қарор аст дар конфронси рӯзи 4 сентябр бо даъвати Эстония Тихановская ба таври онлайнӣ иштирок кунад. Эстония ҳоло узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ мебошад. Чор рӯз... Читать дальше...

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко телефонӣ суҳбат карда, ӯро ба зодрӯзаш табрик гуфтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко "вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро" баррасӣ карданд. Ба қавли манбаъ, Раҳмон ва Лукашенко ба таҳкими равобити ду кишвар таъкид кардаанд. Александр Лукашенко, президенти худкомаи Беларус рӯзи 30-юми август ба синни 66 расид. Читать дальше...

Новости России
Москва

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)


Азим Иброҳим вазири нақлиёт шуд

Ozodi.org 

Азим Иброҳим аз мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон барканор ва ба мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд. Азим Иброҳим ба ин мақом ба ҷои Худоёр Худоёрзода таъин шуд, ки оғози моҳи август ба беморхонае дар Душанбе бо захми корд интиқол ёфт. Баъдан гуфтанд, ки Худоёрзодаи 62-соларо гӯё қасди худкушӣ кардааст, вале худи ӯ рӯзи 19 авгуфт ба ҷуз ин ки гуфт, “табобаташ идома дорад”, ин қазияро шарҳ надод. Азим Иброҳим, ки яке аз муовинони фаъоли сарвазири Тоҷикистон буд ва ҳамзамон раҳбарии Комиссиюни... Читать дальше...

Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд

Ozodi.org 

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Дар фармони раиси ҷумҳур, ки рӯзи 31-уми август нашр шуд, сабаби барканории Худоёрзода баромадан ба синни нафақа гуфта шудааст.  Бар асоси фармони президент, Азим Иброҳим, вазири нави нақлиёт таин шудааст. Азим Иброҳим то ин вақт муовини нахуствазир буд. Номи Худоёр Худоёрзода рӯзи 11-уми август баъди хабари қасди худкушиаш дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Додситонии кулл гуфт, Худоёрзодаи 62-соларо субҳи 11-уми август бо захми... Читать дальше...

Вазирони дифоъ дар ҷаласаи СПАД дар Маскав ҷамъ мешаванд

Ozodi.org 

Дар Русия рӯзи 4 сентябр ҷаласаи муштараки вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Муштарак-ул-Манофеъ ва Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар нахустин ҷаласаи ҳузурии вазирони дифои кишварҳои узв дар шароити пандемияи коронавирус, ба навиштаи оҷонии “Азия-Плюс”, вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳам иштирок хоҳад кард. Даар Вазорати дифои Тоҷикистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки  дар ин ҷаласа таваҷҷӯҳи вижа ба масоили Афғонистон, тадбирҳои муштараки зидди... Читать дальше...

Қирғизистон аз 1 сентябр ба узбекистониҳо иҷозати вуруд медиҳад

Ozodi.org 

Қирғизистон сар аз 1 сентябр Узбекистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад кард, ки дар робита ба коронавирус ё СOVID-19 вазъи муътадили эпидемиологӣ доранд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон иттилоъ дод. Ҳамин тариқ, Узбекистон 32-умин кишваре хоҳад шуд, ки аз нигоҳи мақомоти қирғиз, дар онҳо коҳиши мубталошавӣ ба коронавирус ва эътидоли вазъи эпидемиологӣ мушоҳида мешавад. Ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд, ба Қирғизистон ворид шаванд, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон... Читать дальше...

Дар Қазоқистон дар як рӯз 11 кас аз COVID-19 ва илтиҳоби шуш фавтид

Ozodi.org 

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар давоми як шабонарӯзи ахир 9 нафар бар асари коронавирус ё COVID-19 ва 2 тани дигар аз илтиҳоби шуши "коронавирусӣ" фавтид. Вазорати тандурустии Қазоқистон омори нав дар бораи гирифторони "илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус"-ро нашр кард. Дар як шабонарӯзи ахир 543 ҳолати мубталошавӣ ва ду фавт ба қайд гирифта шудааст. Бино ба омори расмӣ, 29 август дар Қазоқистон 9 нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст. Аз аввали пандемия то ҳол ҷамъан дар Қазоқистон 1581 кас бо ташхиси коронавирус фавтидааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев вышел в третий круг «Мастерса» в Мадриде, в трёх сетах обыграв Арнальди






Экономист спрогнозировал курс доллара в течение следующих трех лет

Сотрудники спецподразделений столичного главка Росгвардии окончили обучение в Центре профподготовки в Подмосковье

Перед майскими праздниками регоператор МСК-НТ установил дополнительные баки ТКО

Глава Люберец поздравил боксера с победой