Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 06.08.2020

Мақомоти Бодканд аз тирпаронии дувум дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки шоми 6-уми август дар марз бо Тоҷикистон тирпаронӣ сурат гирифта, як нафар маҷруҳ шудааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст. Мақомоти Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳодиса дар наздикии деҳаи Кок-Тош руй дода, шахси маҷруҳ дар бемористон аст ва вазъи саломатиаш миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад. Ба қавли онҳо, ин сокини Кок-Тош аз ҷониби номаълум ҳадаф қарор гирифтааст.  Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст... Читать дальше...

"Товон"-и хонаҳоеро, ки ширкати чинӣ вайрон карду насохт, ҳукумат медиҳад

Ozodi.org 

Шаҳрдории Хуҷанд эълом кард, барои 32 оила, ки зимни тарҳи пуровозаи "шаҳраки чинӣ" аз хонаҳояшон маҳрум шуданд, манзил хоҳад сохт. Ширкати чинии "Ҳусноро-1" соли 2015 ба иҷрои тарҳ оғоз кард, вале дертар аз он даст кашид.

Марги як нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи ахир марги як нафарро аз коронавируси нав сабт кардааст ва бо ин шумораи умумии қурбониёни бемори ҳамагир то 6-уми август ба 62 нафар расид.

Дар Алмато дар натиҷаи садамаи мошин як кас бистарӣ шуд

Ozodi.org 

Дар вилояти Алматои Қазоқистон дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрав ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ронанда дар бемористон бистарӣ шуд. Дар ин бора аз идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят рӯзи панҷшанбе хабар доданд. Ба иттилои наҷотдиҳандагон, ин ҳодиса субҳи 6 август рух дод. Мошини навъи Land Cruiser Prado ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бархӯрда, дар натиҷа таркиш рух додааст. Ду мошин дар натиҷа таркида ва оташ гирифтааст. Ронандаи мошини Land Cruiser Prado бо 98 дарсади сухтагии бадан дар бемористон бистарӣ шудааст. Читать дальше...

Шумораи қурбониёни таркиши Бейрут ба беш аз 135 тан расид

Ozodi.org 

Дар пойтати Лубнон, шаҳри Бейрут баъди таркиши азим дар бандар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд. Бино ба иттилои ахир, на камтар аз 135 кас кушта ва наздики 5 ҳазори дигар маҷруҳ шудаанд. 250 ҳазор сокин бе сарпаноҳ мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, эҳтимол дорад, шумори қурбониён афзоиш ёбад. Баъди таркиш даҳҳо тан бе ному нишон шудааст. Наҷотдиҳандагон онҳоро дар зери оворҳо ҷустуҷӯ доранд. Таркиш дар бандари Бейрут 4 август сурат гирифт. Зиёни ин таркиш миллиардҳо доллар баровард мешавад. Читать дальше...



Дмитрий Медведев гуфт, амалкарди Беларус бе оқибат намемонад

Ozodi.org 

Русия таҳдид кард, ки боздошти 33 зархариди рус дар Ҷумҳурии Беларус беоқибат намемонад. Шаҳрвандони Русияро ҳафтаи гузашта дар наздикии шаҳри Минск дастгир карданд. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Миллии Русия, рӯзи 3-уми август гуфт, раҳбарони Белорус робитаҳои дуҷонибаро ба як “тағйири хурде дар маъракаи интихоботӣ табдил додаанд.” Ӯ афзуд, ки боздошт оқибатҳои баде барои робитаҳои дуҷонибаи Русияву Белорус дошта метавонад. Дар Белорус рӯзи 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва Александр Лукашенко... Читать дальше...

"Хатлон" ғолиби давраи аввали Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи «Хатлон»-и Бохтар ғолиби давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона гардид. Футболбоздухтарони Бохтар аз нӯҳ бозӣ дар ҳашттоаш пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ карданд ва бо касби 25 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе бо касби 24 имтиёз дар мақоми дувум ва тими «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо касби 22 имтиёз дар мақоми севум қарор гирифтанд. Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа Мадина Фозилова («Зебонисо») ва Лайло Ҳалимова («Хатлон»)... Читать дальше...

Наздиконашон мегӯянд, мақомот ду узви собиқи ҲНИТ-ро боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Наздикони ду узви пешини раёсати ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) мегӯянд, аз сарнавишти Ҷалолиддин Маҳмудов ва Исломиддин Файзалӣ нигаронанд. Ба гуфтаи онҳо, яке чаҳор рӯз ва дувумӣ як ҳафта пеш боздошт шуда, то ҳол нисбаташон айб эълон нашудааст ва вакили мудофеъ надоранд.

Дар Ҷопон ёди қурбониёни бомби атомиро гиромӣ доштанд

Ozodi.org 

Дар Ҷопон хотираи қурбониёни бомби атомиеро, гиромӣ доштанд, ки 75 сол пеш Амрико дар шаҳри Ҳирошима андохт. Ба хотири онҳо рӯзи 6-уми август зангӯлаҳо дар шаҳр ба садо даромаданд, вале маросимҳои гиромидошт ба сабаби пандемияи коронавирус маҳдуд сурат гирифт. Шинзо Абе, нахуствазири Чин дар маросим дар Ҳирошима ширкат кард, вале меҳмонони хориҷӣ камтар буданд. Вуруд ба Майдони Сулҳ дар шаҳр маҳдуд буд ва фақат бозмондагони ҳодиса ва хешовандони қурбониёнро ба онҷо роҳ доданд. Дар натиҷаи партоби бомби атомӣ дар Ҳирошима... Читать дальше...

Помпео гуфт, Амрико истифода аз фанновариҳои Чинро кам мекунад

Ozodi.org 

Бо бадтар шудани робитаҳои Амрикову Чин ду иқтисоди азимтарини ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида гуфт, ният дорад, истифода аз фанновариҳои Чинро маҳдуд кунад. Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, рӯзи 5-уми август гуфт, Амрико саъй мекунад, то истифода аз замимаҳо ва аппликейшнҳои алоҳидаи телефонӣ ва ширкатҳои мухобиротии чиниро, ки аз тарафи ҳукумат ҳимоят мешаванд ва таҳдид ба амнияти Амрико ва иттилооти хусусии шаҳрвандонаш аст, манъ кунад. Майк Помпео гуфт, Амрико баъзе аз замимаҳои чинӣ “ғайриқобили... Читать дальше...

Фейсбук видеои Доналд Трампро пок кард, Твиттер ҳам

Ozodi.org 

Фейсбук ва Твиттер навиштаҳои раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва ситоди интихоботии ӯро бинобар риоят накардани меъёрҳои муқобила бо дурӯғпароканӣ дар бораи коронавирус аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд. Фейсбук порчаи видеоеро аз саҳифаи Доналд Трамп пок кард, ки дар он иддао мекунад, кӯдакон аз вируси нав “тақрибан эмин” ҳастанд. Видео, ки порае аз мусоҳибаи ӯ бо телевизиони Фокс Нюс буд, барои он пок шудааст, ки ба гуфтаи Фейсбук “иттилооти зиёновар дар бораи COVID” дорад. Ба гуфтаи Фейсбук иддаои... Читать дальше...

Новости России
Москва

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24


Ҳалокати як сокини Чоркӯҳ ва захмӣ шудани сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"

Ozodi.org 

Дар ду ҳодисаи ҷудогона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захм бардошта ва як сокини Чоркӯҳ ба ҳалокат расидааст. Хабаргузориҳои Қирғизистон ҳам таниш дар марзро тасдиқ карданд ва навиштанд, ки дар ин ҳодиса як марзбони он кишвар захмӣ шудааст.  Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 6-ум август дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"... Читать дальше...

Пешсафони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рақибонашонро голборон карданд

Ozodi.org 

Дар даври чоруми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 5-уми август, доир гардид, пешсафони мусобиқа –"Соро компания"-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд - рақибонашонро бо ҳисоби бузург шикаст доданд.   «Соро компания» дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 12:0 ғолиб омад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Умед Қузиев чор гол ва Муҳаммад Раҷабов се гол заданд. «Сипар» дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 пирӯз шуд. Дар дастаи меҳмон Собирҷон Гулаков панҷ гол ба самар расонд. Читать дальше...

Мақомоти афғон: "10 млн нафар дар ин кишвар ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд"

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми август бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст. Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад... Читать дальше...

Гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Қирғизистон дар ду ҳафтаи охир кам шудааст

Ozodi.org 

Қубодбек Боронов, сарвазири Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ рӯзи 5 август гуфт, ки теъдоди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвараш кам мешавад. "Гирифторон кам, шифоёфтагон бештар мешаванд - ин нишондоди хуб аст. Дар 14 рӯзи охир сабти ҳолатҳои нав 39,2 дарсад кам шудааст. Аммо касе кафолат намедиҳад, ки мавҷи дувум барнамехезад, бо ин мушкил бисёре аз кишварҳо рӯ ба рӯ шудаанд",-гуфт Боронов. Вай афзуд, ки чораҳои пешгирикунандаро тақвият мебахшанд ва тирамоҳ зидди зукком ва дигар бемориҳои роҳи нафас воксин мезананд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Камбэком обернулся матч вундеркинда из России перед стартом Еленой Рыбакиной в Мадриде






ЦСКА и «Спартак» сыграли 0:0 впервые с 2003 года

Морской кокос во благо красоты

Портал «Свадьба в Подмосковье» запустят к лету

В Сочи арестовали гулявшего с мёртвым дельфином мужчину