Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

СҶТ: "Мумкин аст ҳеҷ гоҳ дармоне барои COVID-19 пайдо нашавад"

0
СҶТ:

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи душанбеи 3-юми август ҳушдор дод, ки бо вуҷуди умедвориҳои зиёд ба кашфи ваксина, мумкин аст ҳеҷгоҳ як дармон ё илоҷи қатъӣ барои бемории КОВИД-19 пайдо нашавад ва раванди бозгашт ба зиндагии оддӣ тӯлонӣ бошад.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, то кунун беш аз 18 миллиону 140 ҳазор кас дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор шуда, зиёда аз 688 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар шуморе аз кишварҳои ҷаҳон, ки фикр мекарданд аз сирояти ин беморӣ пешгирӣ карданд, ҳолатҳои нав ва густурдаи паҳншавии вирус рӯй додааст.

Доктор Тедрос Гебрейесус, раҳбари СҶТ ва Майкл Райан, мудири бахши изтирории ин созмон аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хостаанд чораҳои беҳдоштӣ, мисли пушидани ниқоби тиббӣ, шустушӯи даст, фосилаи иҷтимоӣ ва анҷоми тестро ба шакли сахтгирона иҷро кунанд.

Оқои Гебрейесус дар як нишасти хабарӣ дар дафтари марказии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар шаҳри Женева гуфт, "паём ба ҳукуматҳо ва мардум комилан рӯшан аст, бояд ҳамаи ин чораҳоро амалӣ кунем". Ӯ афзуд, пӯшидани ниқоби тиббӣ бояд ба як рамз ё намоди ҳамбастагӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёбад.

Раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ афзуд, "шуморе аз ваксинаҳои таҷрибавӣ акнун ба марҳилаи озмоишӣ расиданд ва мо умедворем чандин ваксина барои пешгирӣ аз гирифтории мардум ба вирус тавлид шавад. Вале дар ҳоли ҳозир ҳеҷ дармони қатъӣ барои ин беморӣ вуҷуд надорад ва мумкин аст ҳеҷгоҳ чунин доруе тавлид нашавад".

Доктор Майкл Райан, мудири бахши изтирории Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ гуфт, кишварҳое монанди Бразилия ва Ҳинд, ки шумораи зиёди гирифторон ба ин бемориро доранд, бояд худро барои як набарди тӯлонӣ ва дарозмуддат омода кунанд. Ӯ афзуд, "роҳи берун рафтан аз ин вазъият тӯлонӣ аст ва талошҳои тӯлонӣ ниёз дорад".

Мақомоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, ҳайати таҳқиқии ин созмон, ки барои баррасии чигунагии паҳншавии вирус ба Чин сафар кард, ҳанӯз аз он кишвар бознагаштааст.

Қарор аст як ҳайати илмии калоне иборат аз пажӯҳишгарони чинӣ ва байналмилалӣ бо раҳбарии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар моҳҳои оянда паҳншавии ибтидоии ин беморӣ дар шаҳри Вуҳанро баррасӣ кунад. Вале таркиби ин ҳайат ва замони оғози кори он ҳанӯз мушаххас нашудааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

После победы в Мадриде Рублев поднялся с 8-го на 6-е место в рейтинге ATP






Выставка творческих работ "Спасибо прадеду за Победу!"

План повышения тарифов в России придумали ещё до утверждения нового состава правительства

Дизайнеры превратили модные показы в цирк ради выживания

Майский снегопад начался в Москве