ВКД садамаеро шарҳ дод, ки дар он овозхони шинохта Баҳром Ғафурӣ ҷон бохт. ВИДЕО
Баҳром Ғафурӣ, аз сарояндаҳои машҳури эстрадаи тоҷик дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ҳодиса соати 4-и субҳи 7-уми август дар наздикиҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар - Баҳодур Зарипов ва Ислом Анварзода бо ҷароҳатҳо ба бемористони Қаряи Боло интиқол дода шуданд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ронандаи "Ландкрузер-200" Ислом Анварзода муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ буда, баъди ташхиси тиббӣ муайян шуд, ки "ҳар се дар ҳолати мастӣ қарор доштанд."
Вазорат дар шарҳи сабаби ин ҳодиса гуфт, ки "ронанда суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи "Камаз" бархӯрдаааст".
Дар ҳоли ҳозир тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст ва мақомот мегӯянд, ки таҳқиқ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пеш бурда мешавад.
Баҳром Ғафурӣ дар гӯристоне дар канори Душанбе дафн карда шуд. Баҳром Ғафурӣ 44-сол умр дошт ва аз ӯ чаҳор фарзанд боқӣ монд.
Парвиз Ашӯров, яке аз дӯстони Баҳром Ғафурӣ, ки шоми гузашта бо ӯ дар як маҳфили арӯсӣ ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин овозхон соатҳои тақрибан 21 аз тарабхонаи "Яккачинор" баромада ва гуфтааст, ки ба манзилаш меравад ва барои устоҳо, ки машғули таъмири хонааш ҳастанд, масолеҳи сохтмонӣ мебарад.
"Бо иштироки як гурӯҳ ҳунармандон дар ин маърака будем, Баҳром низ сурудхонӣ кард. Мо аз акаи Баҳром хоҳиш кардем, ки ҳамин шаб бо мо бошад, хурсандӣ кунем. Гуфт, бисёр дилам мехоҳад шиштану, лекин дар хона устоҳо кор карда истодаанд, баъзе чизҳо фармоиш додаанд, бояд ҳамонҳоро гирам. Тақрибан соатҳои 9-и шаб Баҳром аз назди мо рафт. Ним соат пас боз бо ӯ тамос гирифтем, ки як барнома карданием, гуфт, биёед дар студияи худам сабт мекунем",- афзуд Парвиз Ашӯров.
Баҳром Ғафурӣ аввали моҳи июн дар замоне, ки ҳама дар каратин буданд, дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, пайи эҷоди як тарона аст ва рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводоронаш мекунад. Ӯ бо шӯхӣ гуфта буд, номи таронаашро намегӯяд ва ба мухлисонаш, ки аз гӯшанишинӣ хаста шудаанд, "сюрприз" мекунад. Ин охирин сӯҳбати овозхон бо Радиои Озодӣ буд.
Ӯ аз ҳунармандони ангуштшумор буд, ки солҳои 2011-2014 ду дафъа ҷоизаи бонуфузи Big Music Awards-и Амрико ба даст овард. Баҳром Ғафурӣ аз сарояндаҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик буд.