Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Се кишвари дигар аз созиш барои хариди ваксина хабар доданд

0
Се кишвари дигар аз созиш барои хариди ваксина хабар доданд

Бразилия, Аргентина ва Мексика, ки аз коронавируси нав осеби зиёд дидаанд, эълон карданд, ки барои дастрасӣ ба ваксинаҳои эҳтимолӣ ба зидди коронавируси нав чанд қарордод бастаанд. Иёлати Парана дар Бразилия гуфт, рӯзи 12-уми август бо Русия барои озмоиш ва истеҳсоли ваксинаи наи баҳсбарангез созиш бастааст, ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, ки амн ва коромад будани ваксина бояд собит шавад.

Русия таъриф кард, ки Спутник В аввалин ваксина ба зидди коронавирусро тавлид кардааст. Мутахассисони тиббӣ ҳушдор додаанд, ин ваксина марҳилаи саввуми озмоиш дар инсонҳоро нагузаштааст ва баҳои мутахассисони мустақилро нагирифтааст. Донишгоҳи Технологии Парана гуфт, ки дар сурати гирифтани ризоияти истифода аз ваксина, истеҳсоли онро аз нимаи дуввуми соли 2021 оғоз мекунад.

Бразилия ҳоло чанд ваксинаеро озмоиш доранд, аз ҷумла ду ваксинае, ки дар марҳилаи саввум озмоиш қарор доранд. Яке аз ин ваксинаҳоро Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати дорусозии АстраЗенека сохтаанд ва дигариро озмоишгоҳи чинии Сайновак Биотек офаридааст.

Бо ҳадафи хотима додан ба пандемияи COVID-19 ҳоло дар саросари ҷаҳон кор сари 150 ваксина идома дорад ва 25 тои онро дар инсонҳо озмоиш мекунанд. Аргентина ва Мексика дар алоҳидагӣ эълон карданд, ки ваксинаи ширкати “АстраЗенека”-ро барои бисёре Амрикои Лотинӣ истеҳсол мекунанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Шнайдер вышла в третий круг турнира WTA-1000 в Риме, победив Самсонову в российском дерби






Mercury засмотрелась на молодежь // Ритейлер пытается привлечь к люксу новое поколение

В конкурсе «Мисс Суздаль» в честь 1000-летия города победила девушка из Коврова

Начало мая в европейской части РФ стало самым холодным за всю историю наблюдений

Премьер Риши Сунак заявил, что следующие 5 лет — одни из самых опасных в истории Британии