Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Ғалабаи "Истиқлол", мусовии "Хуҷанд" ва бохти "Хатлон" дар даври 11-уми Лигаи олӣ

0
Ғалабаи

Бозиҳои даври 11-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 12-13-уми август баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид.

Се бозӣ рӯзи чоршанбе, 12-уми август, доир гардид. Пешсафи мусобиқа - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба дарвозаи дастаи “Файзканд”-и Восеъ се голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол ва Муҳаммадҷон Раҳимов як гол ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври ёздаҳум тими ССКА-и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Нодирбек Иброҳимов ду гол, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров якголӣ ба ҳадаф расонданд. Голи “Регар-ТадАЗ” ба Нозим Бобоҷонов марбут аст.

Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Ду бозии дигари даври ёздаҳум рӯзи панҷшанбе, 13-уми август, доир гардид. “Истаравшан”-шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар “Душанбе-83”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Салам Ашӯрмамадов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонданд. 

 

“Кӯктош”-и Рӯдакӣ бар дастаи меҳмон - “Хатлон”-и Бохтар – бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Голҳои  Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Далер Ёдгоров ба мизбонон се имтиёз овард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври 11-ум дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ “Истиқлол” бо 31 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 23 имтиёз дар зинаи дувум ва “Хатлон”бо 21 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. 

 

Мусобиқаи қаҳрамонии  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

«Регар-ТадАЗ» – ССКА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 6 (0:1). Нодирбек Иброҳимов, 69 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Нодирбек Иброҳимов (ССКА).

12 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».           

 

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Шуҳрат Элмуродов («Локомотив-Помир»).

12 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 

«Истаравшан» – «Душанбе-83» – 2:0

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 7 (1:0). Илҳом Баротов, 76 – аз пеналтӣ (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»).

13 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Қурбоналӣ Бобоев, 20 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 48 – аз пеналтӣ (1:1). Далер Ёдгоров, 76 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

13 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

10

1

0

45-5

31

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

2

2

19-11

23

3

«Хатлон» (Бохтар)

11

6

3

2

21-16

21

4

ССКА (Душанбе)

11

5

3

3

19-14

18

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

4

4

3

13-13

16

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

11

3

2

6

10-20

11

7

«Файзканд» (Восеъ)

11

2

5

4

10-20

11

8

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

  11

  2

  2

  7

  16-28

  8

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

11

2

2

7

13-27

8

 

10

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

11

1

2

8

7-19

5

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Бақӣ-Охунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (ССКА) – 6-тӯбӣ.

 

Даври 12-ум

15 август (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

 

16 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Файзканд» – «Хатлон»

ССКА – «Кӯктош»

«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ»

«Локомотив-Помир» – «Истаравшан»




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Энди Роддик

Энди Роддик: «У меня было несколько типов рака кожи с тех пор, как я завершил карьеру»






Пасмурную погоду спрогнозировали в Москве в пятницу

Нижегородские компании могут представить на конкурс «ТИМ-лидеры» проекты с применением технологий информационного моделирования

Президент Гвинеи-Бисау и Раис РТ встретились со студентами КФУ

Итоги первенства Подмосковья по баскетболу подвели в Химках