Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Лукашенко бо Путин суҳбат кард

0
Лукашенко бо Путин суҳбат кард

Президенти Русия ва Беларус рӯзи шанбе, 15-уми август сӯҳбати телефонӣ кардаанд.

Хадамоти матбуотии Кремл хабар додааст, ки Владимир Путин ва Александр Лукашенко вазъияти Беларус пас аз интихоботи президентиро муҳокима кардаанд.

"Ҳарду ҷониб изҳори итминон кардаанд, ки тамоми мушкилоти пайдошуда ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд", - зикр шудааст дар хабарномаи расмӣ, аммо аз "мушкилоти пайдошуда" ном набурдаанд.

Пеш аз ин, Александр Лукашенко, президенти Беларус, ки як ҳафта боз барои аз канор рафтанаш ҳазорҳо нафар эътироз мекунанд, эълон кард, ки нияти тамос бо Владимир Путин, президенти Русияро дорад.

Ба эътиқоди Лукашенко, эътирозҳо на танҳо ба Беларус, балки ба Русия ва "фазои умумӣ" таҳдид мекунад.

Лукашенко дар як ҷаласса дар Минск гуфт, ки агар дар Беларус пеши ин вазъ гирифта нашавад, ин мавҷ ба дигар кишварҳо низ роҳ хоҳад ёфт.

Лукашенко мустақиман нагуфт, ки аз Путин кӯмак мепурсад, вале гуфт, ният дорад, бо президенти Русия дар бораи «таҳдидҳо» сӯҳбат кунад.

Ба андешаи Лукашенко эътирозҳо дар кишвар бо "усули инқилобҳои ранга" ва бо дахолат аз хориҷа роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Мухолифон инро қабул надоранд ва мегӯянд, аксари мардум ба Свтелана Тихановская, номзади дигар ба мақоми президентӣ овоз додаанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Стефанос Циципас

Греческий теннисист Стефанос Циципас поблагодарил мать за советское воспитание






Пушков: Запад не дождется от Си Цзиньпина изменения политики в отношении России

Губернатор Московской области Воробьев: Неизвестно, что будет на месте «Крокус Сити Холла»

Чем жили. За биржу грех не выпить!

«Я эти яблоки ненавидела». Почему Людмила Зайцева не хочет разбивать огород