Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад

0
Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад

Муҳаммад Султонови 27-сола, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар дастаи «Ротор»-и Волгоград дар ду бозии аввали мавсими нави Премйер-лигаи Русия муқобили “Зенит”-и Санкт-Петербург ва “Динамо”-и Маскав ба майдон омад.

“Ротор” дар даври аввал 11-уми август дар майдони худ аз “Зенит”, қаҳрамони феълии Русия, бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Нимҳимоятгар Муҳаммад Султонов дар ин бозӣ дар ҳайати “Ротор” то дақиқаи 82-юм дар майдон буд. Ӯро ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Бека Микелтадзе иваз намуд.

Бозии дувуми “Ротор” 15-уми август дар Маскав бо “Динамо” бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Футболбози тоҷик муқобили “Динамо” аз ибтидо то охири бозӣ ҳунарнамоӣ кард.

Баъди натиҷагирии даври дувум “Зенит” (Санкт-Петербург), ССКА (Маскав) ва “Локомотив” (Маскав) дар ҷадвали Премйер-лигаи Русия бо шашимтиёзӣ пешсафанд. “Ротор” (Волгоград), ки дар ду бозӣ як имтиёз гирифтааст, дар байни 16 даста дар ҷойи пешазохирин қарор дорад.

“Ротор”, ки мавсими 2019/2020 дар Лигаи миллии футболи Русия ғолиб шуд, ба ҳаққи ширкат дар Премйер-лига дар мавсими 2020/2021 мушарраф гашт. Бояд гуфт, ки “Ротор” баъди 16 сол ба лигаи олии Русия баргашт. Дар ин муваффақияти даста Муҳаммад Султонов низ саҳмгузор аст.  

“Ротор” бозии даври севумро дар Премйер-лигаи Русия рӯзи 19-уми август дар меҳмонӣ бо дастаи “Аҳмад”-и Грозний (Чеченистон) баргузор мекунад. Муҳаммад дар ин бозӣ дар ҳайати “Ротор” бори севум дар Премйер-лигаи Русия ба майдон хоҳад омад.    

Зимнан, Муҳаммад Султонов соли гузашта бо як рафтори наҷибаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ байни мухлисон маҳбубияти зиёд касб намуд. 13-уми июли соли 2019 дастаи "Ротор"-и Волгоград дар даври навбатии Лигаи миллии футболи Русия дар майдони худ бо "Текстилшик"-и Иваново зери борони сахт ба майдон омад.

Аз борон на танҳо футболбозон, ҳамчунин кӯдаконе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, зарар диданд. Нимҳимоятгари "Ротор" Муҳаммад Султонов натавонист ба манзарае, ки духтарчаи назди ӯ буда аз борон тар мешавад, бетафовут бошад. Бинобар ин бо футболка ё пероҳанаш сари ӯро пӯшонд. Акси ин лаҳзаро сомонаи sports.ru нашр намуда, рафтори футболбозро хеле шоиста арзёбӣ кард.

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, мегӯяд, ки ӯ бо Муҳаммад Султонов вохӯрда, ӯро ба тими миллии кишвар даъват кардааст. «Ман бо рухсати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мулоқот бо Муҳаммад Султонов моҳи сентябри  соли гузашта ба Туркия рафта будам. Дар он ҷо ӯ дар ҳайати «Ротор» дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ иштирок дошт. Ман бозиашро тамошо кардам, бо Муҳаммад ва мураббиаш гуфтугӯ намудам. Ӯ хоҳиши зиёд дорад, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. Вале як муаммо ҳаст, ки ҳалли он танҳо аз федератсияҳои футболи ҳарду кишвар бастагӣ дорад. Агар Султонов дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ кунад, онгоҳ дар Русия легионер ҳисоб мешавад. Дар ҳар як бозии Премйер-лигаи Русия шумораи легионерҳо маҳдуд аст. Бинобар ин, барои дар бозиҳо иштирок кардан байни легионерҳо конкуренсия сахт аст. Муҳаммад гуфт, агар ин мушкилӣ ҳал шавад, розӣ аст, ки дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад", - иброз дошт Усмон Тошев.

Муҳаммад Султонов 21-уми декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари бошгоҳи ССКА-и Маскав мебошад, ки дар ҳайати тими ҷавонони ин бошгоҳ ҳамчун ҳамлагар бозӣ кардааст.

Вай аз соли 2012 узви дастаи "Локомотив-2"-и Маскав буд. Дар ибтидои соли 2014 ба тими "Спартак-Нальчик" ва тобистони ҳамон сол ба дастаи "Тосно"-и Тосно гузаштааст. Баъдан дар тими "Шинник"-и Ярославл ҳунарнамоӣ кардааст. Аз соли 2017 дар дастаи "Ротор" бозӣ мекунад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович пробилась во второй раунд турнира WTA-1000 в Риме






Поцарапанному пандой Катюшей киперу подарили футболку с извинениями

Самолёт экстренно сел в Кирове из-за сломанного шасси

Представители народов Чувашии почтили память погибших в годы Великой Отечественной войны

"Американская мечта" сегодня. Теория заговора оказалась правдой