"Равшан" барои роҳхат ба Лигаи олӣ мубориза мебарад
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ду даври охир бар ҳарифонаш пирӯз шуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард. “Равшан”, ки дар 9 бозӣ 24 имтиёз гирифтааст, ду давр пеш ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардид.
“Равшан” дар даври ҳаштум дар меҳмонӣ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 4:1 ва дар даври нӯҳум дар майдони худ “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Ба ин тартиб, “Равшан” барои ба Лигаи олӣ баромадан мубориза мебарад.
“Эсхата”-и Хуҷанд бо 18 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо дар ду бозии ахир дар майдони худ бар “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:0 ва дар меҳмонӣ бар “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.
“Ҳулбук”-и Восеъ, ки 16 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб кардааст. “Ҳулбук” дар ду даври ахир дар Душанбе бар “Шоҳмансур” бо ҳисоби 2:0 ва дар майдони худ бар “Исфара”-и Исфара бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон
Даври 8-ум
«Шоҳмансур» – «Ҳулбук» – 0:2
Голҳо: Зайнулло Мирзоабдуллоев, 43 (0:1). Зоирхон Холматов, 71 (0:2).
«Исфара» – «Саройкамар» – 2:0
Голҳо: Исломҷон Содиқов, 15 (1:0). Абдурашид Мирхолиқов, 72 (2:0).
«Панҷшер» – «Моҳир» – 3:0
Голҳо: Насим Маматқулов, 13 (1:0). Хайриддин Турахонов, 20 (2:0). Маҳмуд Ғаюров, 40 (3:0).
«Равшан» (Зафаробод) – «Ваҳдат» – 1:1
Голҳо: Азимҷон Мавлонов, 22 (1:0). Фирдавсӣ Файззода, 27 (1:1).
«Эсхата» – «Барқчӣ» – 3:0
Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 42 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 54 (2:0). Абдумалик Шодиев, 65 – аз пеналтӣ (3:0).
«Ҳосилот» – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:4
Голҳо: Далер Чолов, 7 (0:1). Ҳасан Рустамов, 41 (0:2). Далер Чолов, 44 (0:3). Умедҷон Бадалов, 68 (0:4). Муҳаммад Шерзода, 87 (1:4).
Даври 9-ум
«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод) – 6:2
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 17 (0:1). Саидхони Амрохон, 32 (1:1). Амирҷони Фаррухзод, 38 (2:1). Зиёвуддин Фузайлов, 45+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 51 (3:2). Наврӯз Рустамов, 78 (4:2). Некрӯз Салимзода, 82 (5:2). Абдураҳмон Нозимов, 90+3 (6:2).
«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 3:1
Голҳо: Ҳакимҷон Ҳасанов, 13 (1:0). Шерзод Дадобоев, 47 (2:0). Умедҷон Холиқов, 71 (3:0). Хайрулло Азизов, 72 (3:1).
«Ваҳдат» – «Шоҳмансур» – 7:1
Голҳо: Суҳроб Асоев, 18 (1:0). Фирдавсӣ Файззода, 29 – аз пеналтӣ (2:0). Самариддин Расулов, 45 (3:0). Шаҳром Назриев, 45+1 (3:1). Фирӯз Раҳматов, 47 (4:1). Суҳроб Асоев, 50 (5:1). Самариддин Расулов, 68 (6:1). Фаридун Нарзуллоев, 90+2 (7:1).
«Моҳир» – «Эсхата» – 2:3
Голҳо: Боҳирҷон Сангинбоев, 6 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 20 (0:2). Дилшод Тағоев, 49 (1:2). Мубинҷон Муъминов, 59 – аз пеналтӣ (1:3). Саидакбар Ҷӯрақулов, 90+2 (2:3).
«Саройкамар» – «Панҷшер» – 2:0
Голҳо: Ҳиматулло Малодӯстов, 14 (1:0). Сорбон Гирдаков, 90+3 (2:0).
«Ҳулбук» – «Исфара» – 3:1
Голҳо: Анушервони Қобилҷон, 21 (1:0). Аваз Камчинов, 23 (2:0). Ҳадис Қодиров, 70 (2:1). Аваз Камчинов, 75 (3:1).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Равшан» (Кӯлоб)
9
8
0
1
37-16
24
2
«Эсхата» (Хуҷанд)
9
6
0
3
23-17
18
3
«Ҳулбук» (Восеъ)
9
5
1
3
19-16
16
4
«Исфара» (Исфара)
9
5
0
4
16-16
15
5
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
9
4
2
3
20-11
14
6
«Саройкамар» (Панҷ)
9
4
2
3
19-17
14
7
«Моҳир» (Ёвон)
9
4
2
3
23-25
14
8
«Ваҳдат» (Ваҳдат)
9
3
2
4
28-23
11
9
«Ҳосилот» (Фархор)
9
3
1
5
15-20
10
10
«Равшан» (Зафаробод)
9
2
4
3
12-16
10
11
«Барқчӣ» (Ҳисор)
9
2
1
6
18-20
7
12
«Шоҳмансур» (Душанбе)
9
0
1
8
7-40
1
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 13 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 10 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 8-тӯбӣ.
Даври 10-ум
20 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Исфара» – «Ваҳдат»
«Панҷшер» – «Ҳулбук»
«Эсхата» – «Саройкамар»
21 август (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур»
«Ҳосилот» – «Моҳир»
«Равшан» (Кӯлоб) – «Барқчӣ»