Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Ҷо Байден пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрикоро пазируфт

0
Ҷо Байден пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрикоро пазируфт

Ҷо Байден, муовини собиқи раиси ҷумҳури Амрико, расман пешниҳоди Ҳизби демократ барои ширкат дар интихоботро пазируфт ва барои гирифтани ҷойи раиси ҷумҳур Доналд Трамп мубориза мебарад.

Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар рӯзи 20-уми август қавл дод, дар сурати интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур “ба рӯзҳои дӯстӣ бо диктаторҳо” хотима медиҳад ва аз рӯзи аввали кориаш стротегияи миллии мубориза бо пандемияи коронавирусро амалӣ мекунад.

Ӯ, ки дар рӯзи саввум ва ниҳоии анҷуман аз зодгоҳаш шаҳри Вилмингтон, иёлати Делавер суҳбат мекард, гуфт: “Ман раиси ҷумҳуре хоҳам буд, ки дар канори ҳампаймону дӯстонамон меистам ва ба душманони мо возеҳ мегӯям, ки дигар рӯзҳои дӯстӣ бо диктаторҳо ба поён расид.” Ҷо Байден дар дохили толори холӣ суханронӣ кард.

Манзури Ҷо Байден зоҳиран ин бардошт аст, ки муносибати Доналд Трамп бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ бисёр дӯстона аст. Ҷо Байден гуфт, аз моҳи март инҷониб сари стротегияи мубориза бо коронавирус кор мекунад ва аз рӯзи аввали раёсати ҷумҳуриаш иҷрои онро оғоз хоҳад кард. Ӯ афзуд, сиёсати Трамп, ки натавонист, мардуми Амрикоро аз вируси хатарнок муҳофизат кунад, “нобахшиданӣ” аст.

Ҷо Байден гуфт, сиёсаташ ин хоҳад буд, ки “ба мутахассисони озодӣ медиҳад, то мардум иттилооти зарурӣ ва самимона ва ҳақиқати аёнро аз онҳо бигиранд.” Номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин ваъда дод, мардуми кишварашро дигарбора муттаҳид мекунад, ки шоҳиди тазоҳуроти азим ба зидди табъизи нажодӣ шуданд. Ин тазоҳурот чанде пеш баъди ҳалок шудани як марди сиёҳпӯст ҳангоми боздошти афсарони сафедпӯсти пулис оғоз ёфта ва тамоми Амрикоро фаро гирифт.

Трамп гуфт, Байден роҳи чапгароёни тундравро пеш мегирад

Ӯ гуфт: “ Инҷо ва ҳоло ба шумо қавл медиҳам, ки агар шумо мансаби раиси ҷумҳурро ба ман бисупоред, ман фақат аз хубиҳоямон истифода хоҳам кард.” Ҷо Байден афзуд: “Ман ҳампаймони рӯшанӣ, на торикӣ хоҳам буд. Мутмаин бошед, ҳамроҳ мо ин мавсими торики Амрикоро пушти сар мекунем.”

Бо як оташбозии бузург анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико анҷом ёфт ва марҳилаи олие дар карйераи сиёсии Ҷо Байдени 77-сола фаро расид, ки ду дафъа барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза бурдааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълӣ ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳафтаи оянда дар анҷумани пешазинтихоботӣ дигарбора номзади ҳизб эълон мешавад.

Дар назарсанҷиҳо аз назари маҳбубият Доналд Трамп аз Ҷо Байден ақиб мемонад ва бисёре аз назардодагон аз амалкардҳои ҳукумати Трамп барои пешгирӣ аз пандемияи коронавирус ва табъизи нажодӣ изҳори ноқатноатмандӣ кардаанд. Беморӣ то кунун 174 ҳазор нафарро дар Амрико куштааст.

Доналд Трамп, рӯзи 20-уми август дар шаҳри Скрантони иёлати Пенсилвания маъракаи таблиғотӣ дошт ва фаъолиятҳои рақибаш дар ҳукуматро танқид кард. Ӯ гуфт, дар сурати интихоби Ҷо Байден, аз роҳи чапгароёни тундрав пеш хоҳад рафт ва молиёт зиёдтар мешавад ва нооромиҳои бештаре дар шаҳрҳои дигари Амрико рух медиҳад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году






В Тверской области задержали «закладчиков» синтетики

В Подмосковье гендиректор украл 19 млн руб, выделенные на ремонт памятников ВОВ

Итоги апреля на первичном рынке массового сегмента Москвы

Адвокат Добровинский: сторона Успенской раздражала суд доводами против Киркорова