Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Русия ба Белорус зиреҳпӯш ва чархболҳои ҷангӣ медиҳад

0
Русия ба Белорус зиреҳпӯш ва чархболҳои ҷангӣ медиҳад

Русия ба Белорус чанд адад нақлиёти зиреҳпӯш ё БТР ва чархболҳои ҷангии Ми-35М медиҳад. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" бо такя ба манобеи худ дар вазорати мудофиаи Белорус хабар дод.

Ду кишвар дар ҷараёни форуми байналхалқии "Артиш-2020" дар ин бора шартнома бастаанд. Шартнома ду "БТР-82А" ва чаҳор чархболи ҷангии навъи Ми-35М дар бар мегирад.

Вазорати мудофиаи Белорус дар пайи эътирозҳои мардумӣ эълом кард, ки чанде аз қисмҳои низомӣ омодагии ҷангӣ гирифта ва афсарони эҳтиётиро ба хизмат даъват кардаанд.

"Сар аз 24 август марҳилаи севуми санҷиши омодагии ҷангии неруҳои мусаллаҳ шуруъ шуд. Афсарони эҳтиётӣ ба хизмат даъват мешаванд", - омада аст дар хабари вазорати мудофиаи Белорус.

Президенти амалкунандаи Белорус Александр Лукашенко рӯзи 22 август гуфт, ки НАТО дар наздикии марзи кишвараш "ба ҷунбиш" омадааст. Ба ин далел бештаре аз қисмҳои низомии Белорус омодагии ҷангӣ гирифтаанд.

Дар Минск ва чанде аз дигар шаҳрҳои Белорус бештар аз ду ҳафта аст, ки эътирозҳои оммавӣ зидди натиҷаҳои интихоботи президентӣ хомӯш намешаванд. Сокинон ба пирӯз шудани Александр Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август шубҳа доранд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Финалистка юниорского Уимблдона-2023 получила временное отстранение за допинг






«Верди-гала» при информационной поддержке Relax FM

В Уфе пройдет XXI Фестиваль театров малых городов России

В Астраханской области более 100 тысяч семей оформили детское пособие

Военнослужащая из Истры получила орден Мужества