Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Беш аз 100 нафар дар Афғонистон қурбонии селу обхезиҳо шуданд

0
Беш аз 100 нафар дар Афғонистон қурбонии селу обхезиҳо шуданд

Боронгариҳои шадиди рӯзҳои ахир ва обхезиҳое, ки дар паи он сар зад, дастикам 100 нафарро кушта ва даҳҳо нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Воҳиди Шоҳкор, сухангӯи ҳукумати вилояти Парвон, ки дар шимоли Кобул ҷойгир аст, гуфт, ки эҳтимоли афзоиши шумори қурбониҳо вуҷуд дорад, чун бисёр қурбониҳо ҳамоно зери овори хонаҳояшон боқӣ мемонанд. Абдулқосим Сангин, раиси беморхонаи вилоятии Парвон дар шаҳри Чорикор гуфт, ки то субҳи 26 август ба ин муассиса ҷасади 68 кушташуда ва 90 тани захмӣ интиқол дода шуд. Сангин гуфт, ки аксари кушташудаҳо занону кӯдакон мебошанд.  

Мақомот гуфтанд, ки сел шабонгоҳ сарозер шуд ва бисёр мардум дар хонаҳо дар хоб буданду аз офати омада бехабар қурбонии он шуданд. Ба гуфтаи Воҳиди Шоҳкор, дар ин офатҳо хонаҳои бисёр сокинони маҳаллӣ хароб шудааст. Чорикор дар 60-километрии пойгоҳи низомии Багром ҷойгир аст.  Мақомот гуфтанд, ки ҳукумати марказӣ гурӯҳҳои наҷотро барои ёрии изтирорӣ ба Парвон сафарбар кардаанд ва президент Ашраф Ғанӣ амр дод, ки ба мардум кӯмаки башарӣ ироа шавад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соболенко сделала признание о соперничестве с Рыбакиной






Президент Белорусии указал на ненужность доллара и евро во многих странах

Если ж/д рейс «Нижний Новгород – Крым» будет востребован, то его продлят

Володин: Путин внес в Госдуму РФ кандидатуру Мишустина на пост премьер-министра

Посол Антонов: РФ готова вести диалог с западными странами на равных условиях