Се дастаи пешсаф барои медалҳои қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон талош дорад
Натоиҷи бозиҳои даврҳои 13-ум ва 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона ба мавқеи пешсафон дар ҷадвал тағйирот ворид накард.
Дастаҳои пешсаф - «Хатлон» (Бохтар), «Зебонисо» (Душанбе) ва «Зебо» (Дӯстӣ), ки дар ҳарду даври ахир шашимтиёзӣ ба даст оварданд, муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд.
“Хатлон” дар даври 13-ум дар меҳмонӣ “Чашма”-и Шаҳритусро бо ҳисоби 18:0 ва дар даври 14-ум дар майдони худ “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод.
“Зебонисо” дар даври 13-ум дар меҳмонӣ “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 15:0 ва дар даври 14-ум дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 16:0 мағлуб кард.
“Зебо” дар даври 13-ум дар майдони худ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 19:0 ва дар даври 14-ум дар меҳмонӣ бар “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби 20:0 ғолиб омад.
Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 70 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.
Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 30-юми август, баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона
Даври 13-ум
«Чашма» – «Хатлон» – 0:18
«Зебо» – «Ҳосилот» – 19:0
«Барқ» – «Зебонисо» – 0:15
«Равшан» – «Бешкент» – 0:3
Даври 14-ум
«Хатлон» – «Панҷшер» – 10:0
«Бешкент» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3
«Зебонисо» – «Равшан» – 16:0
«Ҳосилот» – «Барқ» – 0:0
«Чашма» – «Зебо» – 0:20
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Хатлон» (Бохтар)
14
13
1
0
119-5
40
2
«Зебонисо» (Душанбе)
14
12
1
1
148-3
37
3
«Зебо» (Дӯстӣ)
14
11
2
1
109-10
35
4
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
13
8
1
4
59-12
25
5
«Бешкент» (Носири Хусрав)
14
8
1
5
58-18
25
6
«Барқ» (Норак)
14
3
2
9
7-87
11
7
«Ҳосилот» (Фархор)
14
3
2
9
7-92
11
8
«Равшан» (Кӯлоб)
14
2
0
12
3-75
6
9
«Чашма» (Шаҳритус)
14
2
0
12
9-132
6
10
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
13
1
2
10
12-97
5
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 70 тӯб, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 41 тӯб.
Даври 15-ум
30 август (якшанбе)
«Зебо» – «Хатлон»
«Барқ» – «Чашма»
«Равшан» – «Ҳосилот»
«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо»
«Панҷшер» – «Бешкент»