Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Сафари раиси Сенати Чех ба Тайван мухолифати Чинро ба бор овард

0
Сафари раиси Сенати Чех ба Тайван мухолифати Чинро ба бор овард

Вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки раиси Сенати Чехия Милош Вистрчил барои сафар ба Тайван ба раҳбарии як ҳайати чехӣ “қимати баланде пардохт хоҳад кард”.   Чин Тайванро як бахше аз қаламрави худ меномад ва талош дорад, ки инро дар дигар нуқоти ҷаҳон ҳам эътироф кунанд.  Жао Лиян, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар нишасти матбуотие дар Пекин гуфт: 

“Дар робита бо амали ошкоро таҳрикомези раиси парлумони Ҷумҳурии Чех ва нирӯҳои зиддичиноии дар пушти он қарордошта – ҳукумат ва мардуми Чин ором наменишинанд ва барои рафтори кӯтоҳандешонаву фурсатталабии сиёсӣ маҷбур мекунанд, ки қимати гароне пардохт бикунад”

Милош Вистрчил изҳороти вазорати хориҷаи Чинро “дахолат ба умури дохилӣ” номид ва афзуд, ки ин сафар зидди Чин равона нашудааст. Вистрчил пеш аз парвозаш ба Тайпей, пойтахти Тайван субҳи 31 август дар шаҳри Прага ба хабарнигорон гуфт: 

“Мо як кишвари озод ва дар фикри равобити хуб бо ҳама ҳастем. Бовар дорам, ки  бо вуҷуди изҳороти Чин ҳам чунин хоҳад буд. Ман бояд такрор кунам, ки сафари ман алайҳи ҳеҷ нафаре нигаронида нашудааст”

Вазири хориҷаи Чехия  Томаш Петршичек вокуниши Пекинро маҳкум кард ва ёдовар шуд, ки вазорат ба Вистрчил машварат дода буд, ки аз сафар ба Тайван худдорӣ кунад. Президент Милош Земан ҳам бо сафари раиси Сенат розӣ набуд. Дар Ҷумҳурии Чех мухолифони либерал президентро барои сиёсати, ба гуфтаашон, рӯ ба Чин интиқод мекунанд. Вистрчил аз ҳизби демократии  мухолифин намояндагӣ мекунад. Дар нахустин сафари як мақоми баландпояи Чех ба ҷазираи Тайван қарор аст мулоқот ва гуфтугӯ бо президент барпо шавад ва масоили мисли ҳамкориҳои иқтисодиву риояи ҳуқуқи башар баррасӣ гардад. Вистрчил гуфт, ки ин сафар идомаи анъанаҳои хуби президенти собиқ Васлав Ҳавел аст, ки бо раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама мулоқотҳо кардааст. Ҳавел бо Далай Лама баъди аз мақом рафтанаш мулоқот кардааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соболенко сделала признание о соперничестве с Рыбакиной






Псковичи стали серебряными призерами турнира по волейболу «Кубок Феникса»

Президент Лаоса отметил роль России в развитии многополярного справедливого мира

«Россети Московский регион» отметили День Победы в Красногорске

Депутат Мособлдумы Черемисов поздравил Елизавету Терон с 9 Мая