Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 24.08.2020

"Бавария" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шуд

Ozodi.org 

Бошгоҳи футболи «Бавария»-и Олмон дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бар дастаи «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Бозӣ рӯзи якшанбе, 23-юми август, дар Лиссабони Португалия доир гардид.

Толибон дар Дарвоз монеи ширкати беш аз 200 духтар дар озмуни дохилшавӣ ба донишгоҳҳо шуданд

Ozodi.org 

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳи Толибон монеи ширкати даҳҳо духтари донишомӯз дар озмун ё имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳҳо шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, духтарони довталаб дар ноҳияҳои Моймай ва Нусайи Дарвоз аз ҳаққи иштирок дар ин имтиҳон маҳрум шуданд. Абдусамеъ Абадёр, раиси маорифи вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд рӯзи ҷумъа духтарони довталаб аз ноҳияҳои Нусай ва Моймай барои ширкат дар имтиҳон ба ноҳияи Шикай бираванд, вале Толибон монеи сафари ин духтарон шуданд. Читать дальше...

Расонаҳо: Навалнийро ҳамчун меҳмони садри аъзам ба Олмон бурданд

Ozodi.org 

Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русияро дар бемористони "Шарите"-и Берлин ҳамчун меҳмони садри аъзами Олмон бистарӣ карданд. Расонаҳо навиштанд, ки ба хотири муҳофизати беҳтар аз сӯи пулис ба бемор чунин мақом дода шудааст. Рӯзи 20 август Навалний аз Томск ба Москва парвоз дошт. Дар ҳавопаймо вазъи сиҳатии ӯ бад шуд ва беҳуш гардид. Халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Омск шинонданд. Навалний дар бемористони Омск бистарӣ шуд ва ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст гардид. Рӯзи 22 август бо як ҳавопаймои... Читать дальше...

Дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон фаъолонро боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳрҳои Алмато, Актау ва Нурсултони Қазоқистон рӯзи 22 август пулис дар манзили чанд фаъоли шаҳрвандӣ кофтуков гузаронда ва иддае аз фаъолонро ба ҳабс гирифтааст. Рӯзи шанбеи 22 август дар шаҳри Алмато гуруҳе аз фаъолон ва пайвандони боздоштшудаҳо пушти дари пулис ҷамъ шуда, озодии боздоштшудаҳоро талаб карданд. Мақомот аз сокинон хостанд, ки пароканда шаванд, аммо афроди ҷамъшуда ҳамоно озодии боздоштшудаҳоро талаб карданд. "Кормандони пулис хонаи маро тагу рӯ карданд. Онҳо субҳ дар набудани ман вориди хона шудаанд. Читать дальше...

Ҳабси сокинони Ишқобод барои насби VPN дар телефонҳои мобилӣ

Ozodi.org 

Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, мақомоти он кишвар таъқиби касонеро пурзур кардаанд, ки дар телефонҳои мобилӣ филтршикан ё VPN насб мекунанд. Наздики 30 тан аз савдогарони яке аз бозорҳои шаҳри Ишқободи Туркманистонро барои насби VPN дар телефони ҳамроҳи муштариҳояшон боздошт ва 15-рӯзӣ ҳабс карданд. Айни замон маълум нест, ки мақомот ин сокинонро дар асоси кадом моддаи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор кардаанд. Таъқиби насби VPN дар телефонҳои мобилӣ дар ҳоле бештар мешавад, ки эътирози... Читать дальше...

Пирӯзии пешсафон дар даври ҳафтуми қаҳрамонии футзали Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе, 22-юми август, баргузор шуданд, бо пирӯзии пешсафони мусобиқа ба поён расиданд. Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд, ки дар бозии хонагиаш тими «Самандар» -и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 13:1 шикаст дод, бо касби 19 имтиёз мисли дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар шаҳри Кӯлоб бар тими «Равшан» бо ҳисоби 13:4 ғолиб омад, бо касби 16 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. Читать дальше...

Барои Ҷоми футзали Тоҷикистон 9 даста мубориза мебарад

Ozodi.org 

Дар маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар доир гардид, намояндагони 9 даста (6 тими Лигаи касбӣ ва 3 тими силсилаи «А») ширкат карданд. Ба иттилои мудири кулли Лигаи футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев, ҳар як марҳилаи мусобиқаи имсола барои Ҷоми миллӣ  (марҳилаи муқаддамотӣ, 1/4 ва 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст. Дар маҳилаи муқаддамотӣ «Доро-Инвест» (Хуҷанд) ва «Муҳоҷир» (Душанбе) рақобат мекунанд. Ғолиби ин ҷуфт дар чорякфинал дар майдони худ бо «Сипар»-и Хуҷанд рӯбарӯ мешавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анастасия Павлюченкова

Павлюченкова вылетела с турнира в Риме






Жители деревни Русавкино-Романово в Балашихе провели субботник

Всероссийский фестиваль прогремит в Петрозаводске

В кабину самолета над Самарой светили лазерным лучом

Слушания по изменениям в устав муниципалитета прошли в Балашихе